Ҳамеша дархӯри замон. Муаррифии маҷмӯаи рубоиҳои Хайём дар Душанбе

Шоми шеъру мусиқӣ аз ҷониби Фонди бадеии ба номи Садриддин Айнӣ ва намояндагии Россотрудничество ташкил шуд. Рӯи аввали моҳи май дар толори Маркази илму фарҳанги Россия дар Душанбе маросими муаррифии маҷмӯайи рубоиҳои Умари Хайём ва намоишгоҳи миниатюраи рассоми маъруф Олим Камолов баргузор шуд. Ҳамоҳангсози барномаҳои ҷамъиятии Маркази фарҳанги “Бактрия”, узви Конфедератсияи байнулмилалии журналистон Амл-Хонум Гаджиева […]

Шоми шеъру мусиқӣ аз ҷониби Фонди бадеии ба номи Садриддин Айнӣ ва намояндагии Россотрудничество ташкил шуд.

Рӯи аввали моҳи май дар толори Маркази илму фарҳанги Россия дар Душанбе маросими муаррифии маҷмӯайи рубоиҳои Умари Хайём ва намоишгоҳи миниатюраи рассоми маъруф Олим Камолов баргузор шуд.

Ҳамоҳангсози барномаҳои ҷамъиятии Маркази фарҳанги “Бактрия”, узви Конфедератсияи байнулмилалии журналистон Амл-Хонум Гаджиева ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дод, ки китоб аз 400 рубоии шоир бо чор забон – тоҷикиву форсӣ ва русиву англисӣ иборат аст.

“Шеърҳои адибе, ки чандин асрҳо пеш шеър эҷод кардааст, имрӯз ҳам рӯзмарраву барои ҳама фаҳмо ва дархӯри замон аст, – иброз дошт ӯ. – Дар чор мисраи рубоиҳои Хайём як ҷаҳон фалсафа ниҳон аст”.

Сарсухан ба китобро адиби маъруф Темур Зулфиқоров ва муқаддимаи маҷмӯаро шоир Алексей Афғонов навишта, муҳаррири матнҳои тоҷикиву форсии китоб Ниёзбадал Маликов аст.

Сафири Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов барои заҳмати шоиста дар кори нашри китоби зарурӣ барои мардум ба раҳбарияти Фонди адабии ба номи Садриддин Айнӣ, аз ҷумла набераи нависандаи маъруф Эраҷ Айнӣ миннатдорӣ изҳор кард.

Китоб соли 2019 аз ҷониби Фонди адабии ба номи Садриддин Айнӣ дар нашриёти “Мега принт” ба чоп расидааст. Роҳбари Фонд Эраҷ Айнӣ ба ҳозирин дар бораи корҳои омодагиву нашри маҷмӯа маълумот дод.

Ҳунармандони шоистаи ҷумҳурӣ Ҳасани Ҳайдар ва Парвин Юсуфӣ бо мусиқиву таронаҳои дилангези худ табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин китобҳо дар бораи фарҳанг ва китобҳои бадеӣ аз Озарбойҷону Гурҷистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо, ки аз ҷониби “Мега принт” чоп шудааст, низ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.