Тавсияҳои мушаххас ба ташкилотҳои қарзӣ оид ба омилҳои таъсиррасон ба арзиши аслии қарз

Шуъбаи матбуоти БМТ

Дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аввали ҳафтаи равон ҷаласаи корӣ “Оид ба ташаккулёбии фоизи қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон”таҳти роҳбарии Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола Ҷумаевна, ки ҳамзамон роҳбари Гурӯҳи корӣ “Оид ба идомаи фаъолият дар самти муайян кардани арзиши қарз дар ташкилотҳои қарзӣ” мебошад, доир карда шуд.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, Дар ҷаласаи корӣ дар ҳузури намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, Бюрои таърихи қарзӣ ва ташкилотҳои қарзӣ натиҷаи тадқиқоти гузаронидаи мушовири байналмилалӣ Бертрам Зоннтаг мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки мушовири байналмилалӣ Бертрам Зоннтаг дар доираи кӯмаки техникии Институти “Ҷамъияти кушода – Бунёди мадад” дар Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ташаккулёбии фоизи қарзҳои ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти худро дар асоси маълумотҳои ташкилотҳои қарзӣ гузаронид.

Мушовири байналмилалӣ доир ба зарурати ба роҳ мондани сиёсати фоизии дуруст аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, ки он ба равнақ ёфтани муносибатҳо бо бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар алоқаманд мебошад, таҳлил карда, оид ба усулҳои татбиқи ҳисобкунии фоизӣ тибқи таҷрибаи байналмилалӣ дар рӯнамои худ ба иштирокчиён маълумоти муфассал манзур намуд.

Зимни муаррифии худ мушовир Бертрам Зоннтаг дар хусуси ба роҳ мондани ҳисоббаробаркунии ҳассосияти талабот ба қарз баҳри муайян намудани чандирии талабот аз рӯи нарх, таносуби ҳаҷми қарзҳои додашуда ва амонатҳои ҷалбшуда низ қайд карда гузашт.

Дар навбати худ мутахассисони Бонки милии Тоҷикистон қайд намуданд, ки ҳисобкунии ҳассосияти талабот ба қарз, ки он чандирии талабот аз рӯи нарх, таносуби ҳаҷми қарзҳои додашуда ва амонатҳои ҷалбшударо ифода менамояд, аллакай татбиқ мегардад.

Ғайр аз ин, аз ҷониби Гурӯҳи корӣ оид ба омилҳои таъсиррасон ба арзиши аслии қарз, ки ҳангоми гузаронидани тадқиқот муайян гардидааст, ба ташкилотҳои қарзӣ тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Зимни машварати корӣ, дар баробари пешбурди сиёсати қарзӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ва муайян кардани арзиши қарз, инчунин марҳила ба марҳила вусъат ёфтани амалиётҳои амонативу қарзӣ қайд карда шуд. Аз ҷумла, аз рӯи нишондиҳандаҳои оморӣ дар соли 2018 ҳаҷми қарзҳои додашуда ба 8,2 млрд. сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2017 ба маблағи 500 млн. сомонӣ афзуд. Фоизи миёнавазни қарз дар соли 2018 бо пули миллӣ 26 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 17,2 фоизро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта бо пули миллӣ 2,2 б.ф. ва асъори хориҷӣ 3,9 б.ф. коҳиш ёфт.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2019 ҳаҷми қарзҳои додашуда тақрибан маблағи 2 млрд. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 508 млн. сомонӣ афзуд. Фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-марти соли 2019 бо пули миллӣ 25,6 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 15,7 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 бо пули миллӣ 2,7 б.ф. ва асъори хориҷӣ 1,9 б.ф. коҳиш ёфт.

Теъдоди қарзҳои додашуда ба 179 ҳаз. адад баробар шуда, 35 ҳаз. адад ё 24 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 зиёд мебошад.

Нишондиҳандаҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки ташкилотҳои қарзӣ фаъолияти худро баҳри афзун намудани дастрасии молиявӣ ба аҳолӣ ҷоннок намуда, саҳми худро барои рушди иқтисодиёт гузошта истодаанд. Бонки миллии Тоҷикистон андешидани тадбирҳои амалиро баҳри татбиқи сиёсати дурусти фоизӣ дар низом ҳамчун омили таъсиррасони рушди иқтисодиёти кишвар идома медиҳад.

Қобили қайд аст, ки тадбирҳои мазкур дар доираи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла рушди соҳаҳои саноат, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рушди деҳот, дар маҷмуъ дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ амалӣ шуда истодааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.