Рустами Эмомалӣ ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон дастур дод

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2019 қарор ба имзо расонид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, ба сохторҳои марбутаи шаҳр ҷиҳати ташкили истироҳати кӯдакону наврасон  дар мавсими тобистон дар истироҳатгоҳҳо (лагерҳо)-и солимгардонӣ дастур дода шудааст. Дар қарор супориш дода мешавад, ки […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2019 қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, ба сохторҳои марбутаи шаҳр ҷиҳати ташкили истироҳати кӯдакону наврасон  дар мавсими тобистон дар истироҳатгоҳҳо (лагерҳо)-и солимгардонӣ дастур дода шудааст.

Дар қарор супориш дода мешавад, ки дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчуруд», «Гулхан», «Шарора»  ва  «Орзу», инчунин майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ,  ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудааст, то 30 майи соли 2019 корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо ва майдончаҳои варзишӣ,  ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунию ниҳолшинонӣ ба анҷом расонида шуда, иншооти мазкур барои қабули кӯдакону наврасон омода шавад.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе: Шоҳмансур – Иброҳими Билол, Фирдавсӣ – Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, Сино – Нусратулло Салимзода ва Исомили Сомонӣ – Шариф Самӣ вогузор шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.