Эҳтимоли дубора боз шудани беш аз 590 масҷиди басташуда дар Тоҷикистон

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои Тоҷикистон бо дархости дубора барқарор намудани фаъолияти 594 масҷиди қаблан басташуда ба Дастгоҳи иҷроияи президент рӯйхати ин масҷидҳоро фиристодааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар Кумитаи мазкур. Бино ба гуфтаи манбаъ, қаблан аз Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат аз онҳо дархост шудааст, ки чунин рӯйхатро пешниҳод намоянд. “Мо аз […]

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои Тоҷикистон бо дархости дубора барқарор намудани фаъолияти 594 масҷиди қаблан басташуда ба Дастгоҳи иҷроияи президент рӯйхати ин масҷидҳоро фиристодааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар Кумитаи мазкур.

Бино ба гуфтаи манбаъ, қаблан аз Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат аз онҳо дархост шудааст, ки чунин рӯйхатро пешниҳод намоянд.

“Мо аз дастгоҳи президент дар мавриди таҳияи рӯйхати масҷидҳое, ки дубора барқарор кардани фаъолияташон имкон дорад, мактуб гирифтем. Ин тасмим аз ҷониби президент дар робита ба муроҷиатҳои сершумори шаҳрвандон дар ин хусус гирифта шудааст. Ин ҷо сари масҷидҳои басташуда дар ҷамоатҳо сухан меравад”, – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки комиссияи махсус ин масъаларо дар минтақаҳо мавриди омӯзиш қарор дода, бар асоси қарори онҳо рӯйхат тартиб дода шудааст.

“Дар рӯйхат асосан масҷидҳое зикр шудаанд, ки дар ҷамоату деҳаҳои дурдаст қарор дошта, дигар ҷойи намозгузорӣ надоштанд. Дар ин маҳалҳо одамонро лозим меомад, ки барои намозхонӣ ба деҳаҳои ҳамсоя раванд. Ин хеле душворӣ пеш меовард, бахусус барои пиронсолон”, – қайд кард манбаъ.

Манбаъ ҳамчунин хабар дод, ки рӯйхати зикршуда бо дастгоҳи президент, ҳамчунин раҳбарияти шаҳру ноҳияҳо мувофиқа мешавад. Масҷидҳоро дар оғози моҳи шарифи Рамазон дубора боз карданӣ будаанд, лекин санаи дақиқи он алҳол маълум нест.

Соли 2017 фаъолияти беш аз 1 ҳазору 700 масҷид дар Тоҷикистон қатъ шуд. Соли 2018 танҳо дар вилояти Суғд зиёда аз 123 масҷиду мадраса ба муассисаҳои таъиноти иҷтиомиву фарҳангӣ – бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, толорҳои варзишӣ ва китобхонаҳо табдил дода шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.