Дар куҷо метавон лентаи георгиевӣ дастрас намуд? Раҳпаймоии “Полки абадӣ” доир мегардад?

Иқдоми бузургмиқёси тақсими “Лентаҳои георгиевӣ” доир намегардад ва алҳол маълум нест, ки ба баргузор намудани иқдоми раҳпаймоии “Полки абадӣ” иҷозат дода мешавад ё не. Дар ин бора дар сомонаи Маркази илму фарҳанги Россия дар Душанбе (Россотрудничество) хабар дода мешавад. “Шахсони хоҳишманд Лентаи георгиевиро дар Марказҳои илму фарҳанги Россия комилан бепул дастрас карда метавонанд. Марказҳо дар […]

Иқдоми бузургмиқёси тақсими “Лентаҳои георгиевӣ” доир намегардад ва алҳол маълум нест, ки ба баргузор намудани иқдоми раҳпаймоии “Полки абадӣ” иҷозат дода мешавад ё не. Дар ин бора дар сомонаи Маркази илму фарҳанги Россия дар Душанбе (Россотрудничество) хабар дода мешавад.

“Шахсони хоҳишманд Лентаи георгиевиро дар Марказҳои илму фарҳанги Россия комилан бепул дастрас карда метавонанд. Марказҳо дар Душанбе бо суроғаи кӯчаи Турсунзода, 28 ва дар Хуҷанд – хиёбони Исмоили Сомонӣ, 52 чойгиранд”, – гуфта мешавад дар хабари сомона.

Дар ҳамин ҳол, сокинони Душанбе дар шабаакаҳои иҷтимоӣ ба баррасии масъалаи баргузор намудани раҳпаймоии “Полки абадӣ” оғоз карданд. Намояндагии Россотрудничество хабар медиҳад, ки дархост пешниҳод намуда, иҷоза барои баргузории онро интизорӣ доранд.

“Дар робита ба баргузории раҳпаймоии “Полки ҷовидон” имсол дар Тоҷикистон, сафорати Россия дар ҳамдастӣ бо намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дархост пешниҳод намуда, айни замон он мавриди баррасӣ қарор дорад”, – гуфта мешавад дар маълумот.

Соли гузашта бо вуҷуди иҷозаи расмӣ надоштан ба баргузории раҳпаймоӣ, ба ҳар ҳол он доир гардида, ҳукуматдорони шаҳр ба он монеъ нашуданд. Субҳи рӯзи 9 майи соли 2018 наздики 500 нафар сокинони пойтахт назди дарвозаи Боғи Ғалаба (мавзеи маъруф ба пивзавод) ҷамъ омада, то Боғи Ғалаба раҳпаймоӣ карданд. Ин ҷо онҳо дар пояи Оташи ҷовидон барои гиромӣ доштани хотираи фавтидагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулҳо гузоштанд.

Қобили зикр аст, ки сафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон сол то сол кам мешавад. Имрӯз онҳо ҳамагӣ 244 нафар боқӣ мондаанд. Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд, имсол дар остонаи ҷашни Рӯзи Ғалаба аз ҳисоби фонди захиравии раиси пойтахт ҳар кадоме ба маблағи 1 ҳазору 500 сомонӣ кумакпулии якдафъаина мегиранд. Соли гузашта ба ҳар кадоме аз иштирокчиёни ҶБВ аз номи президенти Тоҷикистон 1 ҳазору 500 сомонӣ кумаки якдафъаина ҷудо шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, тавре Xabar.uz иттилоъ медиҳад, сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов пешниҳод кардааст, ки лентаҳои георгиевӣ бо лентаҳои ранги парчами миллӣ иваз ва 100 ҳазор адад чунин лентаҳо тайёр ва ба мардум тақсим шавад. Соли гузашта мақомоти милитсияи Ӯзбекистон тақсими чунин лента ва варақаҳоро бо рангҳои парчами миллӣ роҳандозӣ карда буд.

“Ин чорабинӣ ғайрирасмӣ буда, аз ин рӯ, бояд самимона одамонро ба ҳамдигар муттаҳид созад”, – овардааст Xabar.uz гуфтаҳои сарвазирро.  

Ҳукуматдорони шаҳри Тошканд баргузор намудани раҳпаймоии “Полки абадӣ”-ро дар соли равон маъқул шуморида, он дар пиёдароҳҳо баргузор мегардад ва роҳҳои асосӣ баста намешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.