Толибхон Шаҳидӣ: “Толиб, вақти худро аз даст надеҳ”

Имрӯз Толибхон Шаҳидӣ, оҳангсози шинохтаи ҷаҳон ва ҳамсараш Гулсифат Шаҳидӣ меҳмони барномаи “Набзи рӯз” дар радиои “Азия-Плюс” шуданд. Дар барнома Толибхон аз фаъолияти корӣ ва зиндагии худ қисса намуд. Дар суҳбат Толибхон изҳор намуд, ки аз хурдсолӣ завқи оҳангсоз будан дар қалбаш ҷо гирифтааст.  Оҳангсоз мегӯяд: “Дар ҳавлии мо ҳамаи ҳунармандони Тоҷикистон, оҳангсозон ва меҳмонон […]

Имрӯз Толибхон Шаҳидӣ, оҳангсози шинохтаи ҷаҳон ва ҳамсараш Гулсифат Шаҳидӣ меҳмони барномаи “Набзи рӯз” дар радиои “Азия-Плюс” шуданд.

Дар барнома Толибхон аз фаъолияти корӣ ва зиндагии худ қисса намуд. Дар суҳбат Толибхон изҳор намуд, ки аз хурдсолӣ завқи оҳангсоз будан дар қалбаш ҷо гирифтааст. 

Оҳангсоз мегӯяд: “Дар ҳавлии мо ҳамаи ҳунармандони Тоҷикистон, оҳангсозон ва меҳмонон аз Москав, Тошканд, Санкт-Петербург ҷамъ гардида, ба эҷодиёт машғул мешуданд. Завқи оҳангсоз шудан дар дилам аз ҳамон рӯзҳо пайдо шуд. Устоди аввалинам падарам Зиёдулло Шаҳидӣ мебошанд. Аз рӯзҳое, ки ба бастакорӣ ва оҳангсозӣ рӯ овардам, дар асарҳоям оҳангҳои тоҷикиро истифода мебарам”.

Толибхон Шаҳидӣ лаҳзаеро дар барнома ба хотир овард, ки дар як акси Арам Хачатурян навишта шудааст, ки “Толиб, не теряй свое время” (Толиб, вақти худро аз даст надеҳ). Ба гуфтаи мавсуф: “Хачатурян аз фаъолияти эҷодии худаш ба ман маслиҳатҳои муфид медод ва мегуфт  “шумо бояд кор кунед, шумо хеле хуб ва зинда мусиқии халқии тоҷикиро эҷод мекунед, ки метавонад  дар шакли дигар низ садо диҳад”. Фикр мекунам, баъзе чизҳоро тавонистам анҷом диҳам ва талош ҳам мекардам, як чизи оригиналӣ созам. Аммо вақтро каме гум кардам. Ба ҳамин хотир дар акс чунин навишта буд”.

Бояд қайд кард, ки дар фестивали мусиқӣ дар Италия дар қисми якуми барнома  оҳангҳои Арам Хачатурян ва дар қисми дуввум оҳангҳои Толибхон Шаҳидӣ дар саҳна бо номи “Арам Хачатурян и его ученик Талиб Шахидӣ” гузошта шуда буд.

Гулсифат Шаҳидӣ, ҳамсари Толибхон, нависандаи хуб ва шинохтаест, ки китобҳои худро дар Лондон аз нашр баровардааст.  Аввалин навиштаи ӯ “Шаҳри ормонҳои сабз” аст, ки ҷоизаи “Кабӯтари сулҳ”-ро дар Лондон гирифтааст. Ҳоло даҳ китоб навиштааст, ки чортои он ба забони русӣ, чор китоб ба забони англисӣ ва дутои дигар ба забони тоҷикӣ чоп гардида, ба дасти хонандагон расидааст.

Тавре худи Гулсифат Шаҳидӣ қайд кард, бо хоҳиши наберааш ба афсонанависӣ шурӯъ кард. Мавсуф дар Лондон аъзои Созмони адибони АвруОсиё мебошад. Ин Созмон навиштаҳои ӯро хуб қабул карда, ба шакли китоб ба забони англисӣ аз чоп бароварданд. Созмони мазкур ӯро муаллифи сол эълон намуда, аз ҷониби китобхонаи машҳури Лондон “Шоҳона” ҷоизаи беҳтарин муаллифро сазовор гашт. 

Қайд кардан ба маврид аст, ки Толибхон Шаҳидӣ 13 марти соли 1946 дар шаҳри Душанбе дар оилаи бастакори шинохтаи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ таваллуд шудааст. Аз синни хурдсолӣ ба мусиқӣ шавқу рағбати зиёд дошт. Соли 1965 Омӯзишгоҳи мусиқии Душанберо хатм намуда, соли 1965 ба Консерваторияи давлатии Москва ба номи Чайковский дохил шуд, ки роҳбари ӯ бастакори машҳури рус Арам Хачатурян буд.

Аз соли 1972 дар фестивалҳои байналмилалӣ дар Аврупо, ИМА, Япония, Туркия, Эрон ва Осиёи Марказӣ ҳунарнамоӣ кардааст.

Айни ҳол оилаи Шаҳидовҳо дар Лондон ба сар мебаранд ва кору фаъолият мекунанд. Онҳо соҳиби 3 писар буда,  танҳо як писари онҳо Табрез Шаҳидӣ касби падарро интихоб кардааст. Толиб ва Гулсифат Шаҳидӣ аз он сарфарозанд, ки дорои оилаи солиму хушбат ва фарзандону наберагон мебошанд, ки сарчашмаи эҷодиёти онҳост. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.