Боздиди 250 ҳазор нафар сайёҳон аз Тоҷикистон давоми се моҳ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Семоҳаи аввали соли равон беш аз 215 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади сайёҳӣ аз Тоҷикистон боздид карданд, хабар дод ба вакилони палатаи поёнии парлумон раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ Нуъмон Абдуғаффорзода.

Ӯ зикр кард, ки мавсими сайёҳӣ дар Тоҷикистон моҳи май оғоз гардида, шумори сайёҳони хориҷи тадриҷан меафзояд.

Бино ба маълумоти Кумита, соли 2018 1 млн. 155 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки нисбат ба соли пешин (2017) 2,6 баробар зиёдтар аст.

Дар мавриди таъсири аз ҷониби Тоҷикистон барои сайёҳон ҷорӣ гардидани боҷи сайёҳӣ ба шумори онҳо, роҳбари Кумита изҳор дошт, ки маблағи пардохти начандон баланд – ҳамагӣ 1 доллар аст.

“Мо дар ҳамдастӣ бо Вазорати молия таҳлил гузаронида ба хулоса расидем, ки боҷ барои сайёҳон набояд сарбории зиёд орад, зеро аз 1 доллари ИМА зиёд нест”, – иброз дошт Абдуғаффорзода.

Роҳбари Кумита илова намуд, ки воситаҳои аз ҳисоби боҷ ҷамъоваришуда ба рушди зербинои сайёҳии кишвар равона мегарданд.

Охири моҳи апрел палата поёнии парлумони ҷумҳурӣ ворид намудани тағироту иловаҳои дахлдорро дар ин хусус, аз ҷумла ҷорӣ гардидани боҷ барои сайёҳонро ба қонун “Дар бораи дигар пардохтҳо ҳатмӣ” маъқул шуморид.

Мувофиқи тағйироту иловаҳо, аз шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади сайру саёҳат ба Тоҷикистон меоянд, боҷи давлатӣ ситонида мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ба тамошои кишварҳои дигар мераванд, ҳамчунин тоҷикистониёне, ки ба адои маросими ҳаҷ мераванд, низ боҷ пардохт мекунанд.

Сайёҳони хориҷии ба Тоҷикистон воридшуда ва шаҳрвандони кишвар, ки тавассути ширкатҳои сайёҳӣ сафар мекунанд, бояд барои ҳар як шабонарӯз 1 доллар боҷ пардохт кунанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба адои маросими ҳаҷ мераванд, ба сифати боҷи давлатӣ 50 доллар маблағи иловагӣ пардохт мекунанд.

Аз пардохти чунин боҷ собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни рафъи оқибатҳои садама дар нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, маъбони гурӯҳҳои якуму дуюм, кӯдакони синни то 16-сола ва дипломатҳо озод карда мешаванд.

Айни замон дар бозори сайёҳии Тоҷикистон беш аз 145 ширкат фаъолият доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...