САҲА ҳукумати Тоҷикистонро ба хотимаи қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо даъват кард

Asia-Plus

Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар масоили ВАО Харле Дезир аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки дастрасӣ ба захираҳои инернетӣ (веб-ресурсҳо)-и сершумор, ВАО-и онлайн, шабакаҳои иҷтимоӣ ва хадамоти Google-ро дар ҷумҳурӣ барқарор намоянд, хабар дода мешавад дар сомонаи САҲА.

“Ман ба ҳукуматдорон бо даъвати ба шаҳрвандон таъмин кардани дастрасии пурра ва номаҳдуд ба ВАО ва хабаргузориҳои интернетии ҳам миллӣ ва ҳам байнулмилалӣ, инчунин шабакҳои иҷтимоӣ ва низомҳои ҷустуҷӯ муроҷиат мекунам. Бидуни дастрасии бемонеъа ба интернет озодии баёни ақида ва озодии иттилоот вуҷуд дошта наметавонад”, – гуфтааст Дезир.

Дар мавод зикр мешавад, ки муддати даҳ рӯзи охир дастрасӣ ба аксарияти замимаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо давра ба давра қатъ шуда, дар ҳамин ҳол, дастрасӣ ба интернет-браузерҳо номураттаб боқӣ мемонад. Сомонаҳои гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, ҳамчунин хабаргузории Avesta дастнорасанд.

Ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон, суръати интернети мобилӣ пас аз бекор шудани фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи боло бурдани арзиши интернет паст шуд. Дигар корбарон изҳор мекунанд, ки натанҳо суръати интернет, балки дар маҷмӯъ сифати алоқаи мобилӣ бад шуд.

Охири моҳи январ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ваъда дода буд, ки бо оғози фасли баҳор интернет дар ҷумҳурӣ арзонтар шуда, ҳаҷми хати гузариш (пропускной канал) то 50 гигабит дар як сония меафзояд.

Ширкатҳои мобилӣ итминон медиҳанд, ки дар суръати интернет ҳеҷ тағйире сурат нагирифта, сифати алоқа бар асари бозбинии тарифҳо бад шудааст. Ғайр аз ин, ба гуфтаи онҳо, суръати интернет ҳангоми истифодаи анонимайзерҳо (қулфшиканҳо) ё тавре мегӯянд, VPN поин меравад.

Дар ҳамин ҳол, корбарони шабакаҳои иҷтимоии ҷумҳурӣ имрӯз менависанд, ки аз интернет бидуни васли VPN истифода мекунанд ва дастрасӣ ба мессенҷерҳову шабакаҳои иҷтимоӣ боз аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...