Оғози ҳаракати троллейбусҳои нави муосир дар Душанбе

Asia-Plus

Рӯзи 9 май бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маросими рӯнамои 4 троллейбуси муосири тамғаи 3321 00 D доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, троллейбусҳо аз ширкати «Белкоммунмаш»-и Беларус харидорӣ шуда, аз лиҳози харҷи камтари нерӯи барқ, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳаракат дар тамоми ҳолату шароити шаҳр аз тамғаҳои қаблӣ  бартарияти зиёдро доро мебошанд.

“Троллейбусҳои мазкур бо истифода аз технологияи пешрафта истеҳсол гардида, дорои муҳаррики қувваи ҷараёни тағйирёбандаи қабулкунанда ва батареяҳои литий барои захираи нерӯи барқ мебошад, – омадааст дар хабар. – Ин имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути ноқил троллейбус дар таҷҳизоти худ нерӯи барқро захира намуда, дар ҳолати зарурӣ то масофаи 15 -20 километр бе ноқил ҳаракат намояд”.

Гуфта мешавад, ин навъи троллейбусҳои муосиру замонавӣ дар минтақаи Осиё Марказӣ бори аввал ба шаҳри Душанбе оварда шудааст.

Зимни шиносоӣ раиси шаҳри Душанбе ба масъулин дастур дод, ки баҳри дар оянда ворид намудани чунин воситаҳои нақлиёти муосири мусофиркашонӣ ва таҷдиди парки троллейбусҳо чораҷӯӣ карда, дараҷаи тахассуси касбии ронандагон тавассути курсҳои бозомӯзӣ баланд бардошта шавад.

“Троллейбусҳои муосир иқтидори ғунҷоиши то 90 нафар мусофирро дошта, аз 22 ҷойи нишаст, лавҳаҳои иттилоотӣ, воситаҳои огоҳкунӣ аз ҷониби мусофирон дар дохил ва беруни он, инчунин низоми мушоҳидавии дохилӣ бо 8 адад камера иборат аст, ки барои фаъолияти ронандагон қулай мебошад”, – қайд мешавад дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин барои даромаду баромади мусофирон дар он низоми «книлинг» насб гардидааст, ки дар ҳолати зарурӣ даромадгоҳи троллейбус ба воситаи дастгоҳи идоракунӣ аз ҷониби ронанда паст ва баланд карда мешавад.

Барои нафарони дорои имкониятҳои маҳдуд дар даромадгоҳи мобайн таҷҳизоти «аппарел» насб гардидаст, ки тавассути он даромадгоҳ то сатҳи лозима поёну боло карда мешавад.

Дар ҷараёни боздид ба масъулини дахлдор супориш дода шуд, ки троллейбусҳои нав дар давоми 6 моҳи аввал ба таври озмоишӣ истифода бурда шаванд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январ мақомоти шаҳрдории Душанбе дар бораи харидории чор троллейбуси муосир ба харҷи як миллион доллар хабар дода буд.

Зикр гардида буд, ки ҳар кадоме аз ин троллейбусҳо тақрибан 250 ҳазор доллар нарх дошта, дар доираи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе” бо дастгирии БАТР: 50%-и пул грант ва 50% – қарз дастрас карда мешаванд.

Тибқи маълумоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, айни замон дар 7 хатсайри троллейбусии шаҳри Душанбе 87 адад воситаҳои нақлиёти барқии корхона ба мусофирон хизмат мерасонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...