Дуздии наздики 16 млн. доллар дар сохтмони маркази тиббии “Истиқлол”

Радиои Озодӣ

Дар сохтмони бузургтарин маркази тиббии “Истиқлол” дар Тоҷикистон, ки чанд сол пеш мавриди истифода қарор гирифт, 151 млн. сомонӣ (наздики 16 млн. доллар) маблағ дуздида шудааст, изҳор намуд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар.

Тавре Радиои Озодӣ менависад, Сарвари давлат зикр кард, ки баъди тафтиши харҷи сохтмони “Истиқлол” Агентии зиддифасод маълум кардааст, ки даҳҳо миллион сомонӣ ба ҷайби афроди алоҳида рафтааст.

“Ман як ду бор рафтам, дидам, баръало маълум буд, ки изофанависӣ аст. Сохтмон бесифат аст, имрӯз аллакай муайян шуда истодааст. Масолеҳи сохтмонии пастсифат истифода шуда истодааст. Ҳатто паркети коғазӣ аз Чин оварда истифода кардаанд. Паркет овардаанд, маблағи калонро нишон доданд… Коррупсия санҷид, дар як объект 151 миллион сомонӣ, дуздии рӯирости маблағи буҷет “, – гуфтааст ӯ.

Ӯ ҳамчунин қайд кардааст, ки дар рӯйпӯш сохтани дуздӣ аудиторни Палатаи ҳисоб даст дошта, барои ин амалашон 250 ҳазор доллар маблағ гирифтааанд.

“Ҳамаи шахсоне, ки ба ин амали коррусионӣ даст задаанд, бояд назди қонун ҷавоб гӯянд. 151 миллион. Аз ин ҳисоб 10 мактаби ҳозирамон сохтан мумкин аст. Понздаҳмиллионӣ даҳто мактаб (месохтем). Дар 10 шаҳру ноҳия як мактабӣ 15 миллионӣ сохтан мумкин буд. ”, – гуфтааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи апрели соли 2017 дар робита ба ин масъала Суди шаҳри Душанбе собиқ сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Саидшариф Анваровро барои порадиҳӣ ва камомад дар харҷи воситаҳои буҷетӣ дар сохтмони маркази тиббии “Истиқлол” ба 18 соли зиндон ва пардохти 9 млн. сомонӣ ҷубронпулӣ маҳкум кард.

Ҳамчунин вобаста ба ин қазия Фазлиддин Маҳмудов, роҳбари ширкати “Тоҷикколхозсохтмон” ба 18 соли зиндон ва муовини ӯ Фирӯз Раҳмонов ба 5 соли зиндон маҳкум шуда, дигар иштирокчиёни парвандаро Суди шаҳри Душанбе ба пардохти ҷаримаҳои ҳаҷмашон ниҳоят зиёд уҳдадор кард.

Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”дар майдони беш аз 10 гектар, дар байни Маркази ҷумҳуриявии ташхис ва бозори Султони Кабир ҷойгир шудааст. Марказ аз 38 иншоот, аз ҷумла бемористон бо 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 беморон дар як баст ва ғайра иборат аст. Барои сохтмони марказ  аз буҷети пойтахт зиёда аз 706 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...