Сабти беш аз 4 ҳазор қоидавайронкунии ҳаракати роҳ дар Душанбе давоми як ҳафта

Asia-Plus

Тибқи иттлои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ, давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе 4343 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбат ба ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.

Дар натиҷаи баргузории чунин амалиётҳои пешгирикунанда ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад. Ҳаминтавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок маводҳои маъмурӣ нисбат ба ронадагон тартиб дода шудааст. Аз ҷумла:

– Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 1 адад;

– Бе рақами қайди давлатӣ – 12 адад;

– Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқарраршуда – 134 адад;

– Истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 147 адад;

– Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 30 адад;

– Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт 16 адад;

– Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 9 адад;

– Худсарона баромадан аз хати сайр – 67 адад;

– Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ –114 адад;

– Вазъияти хавфнок – 11 адад;

– Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 259 адад;

– Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 875 адад;

– Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 30 адад;

– Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1798 адад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.