Тасдиқи Стратегияи шарикии Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон то соли 2023

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шӯрои мудирони иҷроияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Стратегияи қолабии шарикӣ бо Тоҷикистонро дар давраи солҳои 2019-2023 тасдиқ кард.

Дар доираи ин стратегия ба ҷумҳурӣ дар рушди бахши хусусӣ, бунёди сармояи инсонӣ ва беҳбуди устувории вазъи иҷтимоӣ, ҳамчунин такмили ниҳодҳои давлатӣ мусоидат карда мешавад.

Дар маълумоти Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, ки модели имрӯзаи иқтисодии Тоҷикистон аз ҳисоби интиоли пул захира мегирад ва ба воридот вобаста аст. Зикр мешавад, ки стратегия ба он равона шудааст, ки иқтисоди кишвар ҳарчи бештар ба рушди бахши хусусӣ мутамарказ ва ба содирот нигаронида шуда бошад.

Дар Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки беҳбуди муҳити корӣ дар ҷумҳурӣ ба таъмини имконоти бештар барои аҳолии ҷавон ва дар ҳоли афзоиш қарордоштаи кишвар шароит фароҳам меорад.

“Назди Тоҷикистон имконоти ба ҳалқаи энергетикӣ ва савдои минтақавӣ табдил ёфтан бо дастрасӣ ба бозорҳои бузурги кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Шарқӣ ва Марказӣ вуҷуд дорад. Ин ба кишвар дар бунёди асос барои рушди иқтисоди муосир, ки ба беҳбуди некӯаҳволии шаҳрвандон ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои онҳо нигаронида шудааст, кумак мекунад”, – гуфтааст намояндаи доимии Бонк дар Тоҷикистон Ян-Петерс Олтерс.

Ӯ қайд кардааст, ки дар марҳилаи кунунии рушд дар иқтисод Тоҷикистон бояд ба рушди устувори бахши хусусӣ, фаъолияти пусамари ниҳодҳои давлатӣ ва аҳолии солиму коршоям такя намояд, то ки дар муҳити тағйирёбандаи глобалӣ ба ҳадафҳои рушди худ ноил гардад.

Стратегияи панҷсолаи шарикӣ тавассути се ниҳоди шомил ба Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ – Бонки ҷаҳонӣ, Коропоратсияи байнулмилалии молиявӣ IFC ва Агентии бисёрҷонибаи имтиёзҳои сармоягузорӣ (МИГА) дар ҳамкории наздик бо шарикони рушди маҳаллӣ ва байнулмилалӣ амалӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.