Ҷасади Гулбегим Раҳмоноваи 29-сола дар Душанбе дафн шуд

Сорбон, бародарзодаи Гулбегим Раҳмонова, муҳоҷире, ки  дар шаҳри Клини вилояти Маскав бар асари сактаи қалб вафот кардааст, дар сӯҳбат бо мо иброз намуд, ки имрӯз ҷасади марҳум ба Душанбе оварда шуда ва дар оромгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дафн карда шуд. Бино ба гуфтаи ӯ, Гулбегим моҳи феврали ҳамин сол ба Русия барои кор рафта буд ва тӯли […]

Сорбон, бародарзодаи Гулбегим Раҳмонова, муҳоҷире, ки  дар шаҳри Клини вилояти Маскав бар асари сактаи қалб вафот кардааст, дар сӯҳбат бо мо иброз намуд, ки имрӯз ҷасади марҳум ба Душанбе оварда шуда ва дар оромгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дафн карда шуд.

Бино ба гуфтаи ӯ, Гулбегим моҳи феврали ҳамин сол ба Русия барои кор рафта буд ва тӯли ин вақт бо сабаби пайдо накардани ҷойи кори мувофиқ наметавонист ҳар моҳе маблағ барои ду фарзандаш бифиристад.

Сорбон мегӯяд, Гулбегим дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард ва баъди оиладор шудан ба шаҳри Кӯлоб ба хонаи шавҳар кӯчид. Баъди як муддати зиндагӣ боз дубора ба Душанбе омаданд ва дар яке аз хобгоҳои маҳаллаи 46 иқомат мекарданд.  Ӯ гуфт, “вале бахт ба рӯяш нахандид ва ду сол пеш шавҳараш аз дунё гузашт. Ҳоло бошад, худи ӯ низ ду писари дар орзуи модар ва падар бударо танҳо гузошт. Хеле сахту сангин аст, вақте наздикатро аз даст медиҳӣ”.

Ба қавли бародарзодаи ғӯрамарг, Гулбегим асосан барои пардохт намудани қарзи бонкияш муҳоҷиратро интихоб кард, ки танҳо бо ҳамин роҳ метавонист онро адо намояд. Чун, ба гуфтаи Сорбон, хоҳарзодааш танҳо маълумоти миёнаи мактабро дошту халос ва ҷое низ кору фаъолият намекард.

Юсуфи 8-сола ва Абдуллои 3-солаи Гулбегим  дар тарбияи модарбузургашон буданд ва то охир хоҳанд монд.

Сабаби ба ҳалокат расидани Гулбегими 29-соларо назиконаш низ то ҳол дақиқ гуфта наметавонанд. Ба гуфтаи бардарзодааш, онҳо “дар даст ҳуҷҷатҳои озмоиши беморхонаро дорем, ки аз сактаи қалб ва камтар хунук гирифтани шушҳояш ҷон додааст. Аз дигар ҳодисаи рухдода чизе хабар надорем”.  

Ёдрас мешавем, ки дар ин бора дар саҳифаи худ дар Facebook корбари шабака Bakht Ovar хабар дод, ки  Гулбегим рӯзи 2 май дар шаҳри Клини вилояти Маскав бар асари сактаи қалб вафот кардааст.

Ҷасади Гулбегим Раҳмонова муддати тӯлонӣ дар мурдахона (морг) шахсияташ номаълум нигоҳ дошта шуд. Bakht Ovar тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба корбарон муроҷиат намуд, то ки ба маълум кардани шахсияти марҳум кумак расонанд, вагарна ҷасад ҳамчун бесоҳиб сӯзонида (крематсия) мешуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.