Қабл аз никоҳ миёни волидони ҷавонон низ шартнома баста шавад?!

Хуршед ХОВАРӢ, махсус барои Азия -Плюс

Дар толори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Душанбе рӯзи 15 май бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони “Пешгирии хушунат ва зуроварӣ дар оила омили устувории оилаҳои ҷавон” мизи мудаввар доир гардид.

Сироҷзода Саодатбибӣ, сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия дар ҷой доштани ҳолатҳои хушунату зуроварӣ ва билохира вайрон шудани оилаҳои ҷавон аксар маврид волидонро гунаҳгор донист. Ӯ аз даврони Куруши Кабир мисол оварда, гуфт, ки бояд қабл аз никоҳ миёни волидони ҷавонони никоҳшаванда шартнома баста шавад. 

– Дар замони Куруши Кабир чунин як анъанае роиҷ буд, ки қабл аз никоҳ миёни волидони никоҳшаванда шартнома баста мешуд. Аз ин лиҳоз дар ҷомеаи мо низ, ки хушунату зуроварӣ ва билохира ҷудошавии оилаҳои ҷавон зиёд ба чашм мерасаду дар аксар маврид волидон сабабгори он мегарданд, бояд ҳамин анъана ба роҳ монда шавад, – иброз дошт ӯ.

Вале ҳуқуқдонҳои тоҷик инро хилофи арзишҳои ҷомеаи демократӣ арзёбӣ карда, мегӯянд, ки чун қоида аҳднома миёни зану шавҳар баста мешавад ва дар он ҷонибҳо метавонанд манфиатҳову шартҳои таъмини кафолати ҳамзистии шоистаи худро на танҳо дар вақти зиндагии ҳамҷоя, балки ҳолатҳои дигари оиладорӣ низ инъикос намоянд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки агарчанде дар урфу одатҳои мардуми мо ҳангоми оиладоршавӣ раъйи волидон ба назар гирифта мешавад, вале ин маънои онро надорад, ки бояд миёни онҳо шартнома баста шавад.

– Заминаи таъсиси оила муҳаббату ҳусни тафоҳум ва ихтиёрию озод будани ҷавонон аст. Чун сухан дар бораи ҳуқуқу вазифа ва уҳдадориҳои ду шаҳрванди комилҳуқуқи қобили амал меравад, ягон зарурат ҷиҳати бастани қарордод миёни волидон нест, – гуфт, Шокирҷон Ҳакимов.

Қонунгузории Тоҷикистон низ чунин шартномаро танҳо миёни нафароне, ки издивоҷ мекунанд, иҷозат додааст. Чунончи, дар моддаи 40-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:

“Аҳдномаи ақди никоҳ – созишномаи шахсоне мебошад, ки издивоҷ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи амволӣ ва уҳдадориҳои онҳоро дар  давраи заношӯӣ ва (ё) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд”.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...