Баррасии масъалаҳои адами интишори силоҳи қатли ом дар FSC таҳти раёсати Тоҷикистон

Asia-Plus

Дар қасри Ҳофбург, Вена 15 май таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи умумии навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) баргузор гардид. Ҷаласа ба баррасии раванди татбиқи қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ 1540 (масъалаҳои адами интишори силоҳи қатли ом) бахшида шуда буд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар нишасти мазкур директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидов ба ҳайси гузоришгари калидӣ роҷеъ ба раванди татбиқи муқаррароти қатъномаи Шӯрои Амният СММ 1540 дар кишвари мо гузориш ироа намуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ҷаласаи умумӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои талошҳои муштарак ҷиҳати пешгирии интишори силоҳи қатли ом, аз қабили силоҳи ҳаставӣ, химиявӣ ва биологӣ, фановариҳои таҳвили онҳо, инчунин масъалаҳои рафъи мушкилот ва чолишҳо дар ин самт баррасӣ гардиданд.

Дар суханронии худ намояндаи Тоҷикистон роҷеъ ба қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавии мавҷуда, ки масъалаҳои адами интишори силоҳи қатли ом ва назорати содироти онҳоро дар Тоҷикистон ба танзим медароранд, ба кишварҳои узви САҲА гузориши муфассал ироа кард.

Ширкаткунандагони ҷаласа бо сохтори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ва Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба пешгирии интишори силоҳи қатли ом ва назорати содирот барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Афғонистон, ки дар шаҳри Душанбе мустақар буда, барои таълиму тадриси коршиносони соҳа дар минтақа саҳми сазовор мегузорад, шинос карда шуданд.

Гузашта аз ин, И. Мирсаидов роҷеъ ба лоиҳаҳои марбут ба пешгирӣ аз интишори силоҳи қатли ом ва назорати содироти он, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ татбиқ гардидаанд, маълумот пешниҳод кард.

Ҷаласаи мазкур, ки ба 25-умин солгарди тасвиби Усулҳои САҲА роҷеъ ба танзими адами интишор (аз 3 декабри соли 1994) рост омад, заминаи мусоидро ҷиҳати муҳокимаи чораҳои амалӣ роҷеъ ба таҳкими мусоидати САҲА дар татбиқи барномаҳои ихтиёрии миллӣ дар пасманзари омодагиҳо ба арзёбии фарогири раванди татбиқи қатъномаи 1540, ки соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, фароҳам овард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...