Харҷи 7,1 млн. доллар дар таҷлили ҷашни 5500-солагии шаҳраки Саразм

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҷашни 5500-солагии шаҳраки Саразм ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон санаи 12 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент баргузор мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон аввали моҳи май дар бораи баргузор намудани ин ҷашн қарор қабул кард, ки хароҷоти умумии он 825 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Кумитаи тадорукотро оид ба баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ, ки аз 22 нафар иборат аст, сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад.

Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда, 605 ҳазор сомонӣ ба чорабиниҳои тадорукотӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, боз 220 ҳазор сомонӣ – ба чорабиниҳои омодагӣ ва баргузории ҷашн равона мегардад.

Хароҷоти бештар назаррас барои чорабиниҳои зерин пешбинӣ шудааст:

– Баргузор намудани симпозиуми байнулмилалӣ таҳти унвони “Саразм – гаҳвораи тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон” дар шаҳри Душанбе – 200 ҳазор сомонӣ;

– таҳия ва нашри албоми “Саразми қадима” – 100 ҳазор сомонӣ;

– тайёр кардани савғоту ҳадя, туҳфаҳои хотиравӣ барои меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниҳо (қаламу (ручка) дафтарча ва дигар туҳфаҳо) – 90 ҳазор сомонӣ.

Хароҷоти пулии нисбатан камтар дар ташкил ва баргузор намудани дар маҷмӯъ 15 чорабинӣ пешбинӣ шудааст. Воситаҳо аз буҷетҳои сатҳҳои гуногун ҷудо мешаванд.

Ғайр аз ин, зиёда аз 66,4 млн. сомонӣ барои анҷоми корҳои таъмиру барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ, сохтмони иншооти нави иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Панҷакент ба нақша гирифта шудааст, ки бо воситаҳои буҷети маҳалливу вилоятӣ, маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва сармоягузориҳои хориҷӣ амалӣ мешаванд.

Ҳамин тариқ, хароҷоти пулӣ барои таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм дар маҷмӯъ зиёда аз 67,2 млн. сомонӣ (7,1 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ёдгории таърихии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Ин ёдгорӣ дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Ба гуфтаи бостоншиносон, сар аз охири ҳазораи IV-уми пеш аз милод шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои ҳунармандии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад ва ба ин захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва руҳ дар кӯҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст.

Саразм, ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, аҳамияти бузурги илмӣ, таърихӣ ва байналхалқӣ мебошад. Ин яке аз ёдгориҳои аввалини мероси ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон башумор меравад. Шаҳрак яке аз қадимтарин нуқтаҳои аҳолинишин ва далелҳои рушди пешрафти шаҳрсозӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Соли 2010 дар руйхати ёдгориҳои таърихии чаҳонии ЮНЕСКО ба қайд гирифта шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...