Рақибони эҳтимолии дастаи Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон дар Бразилия маълум шуданд

Asia-Plus

Ҳамаи иштирокчиёни мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни наврасони то 17-сола (U-17), ки тирамоҳи ҳамин сол дар Бразилия доир мегардад, маълум шуданд. Дастаи Тоҷикистон ба ҳаққи иштирок дар ин мусобиқа дар Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия мушарраф гардида буд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯйхати дастаҳои иштирокчии чемпионат дар Бразилия тариқи зайл аст: Тоҷикистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия (Осиё), Камерун, Нигерия, Ангола, Гвинея (Африқо), Канада, ИМА, Мексика, Гаити (Амрикои Шимолӣ ва Марказӣ, ҳавзаи Кариб), Бразилия, Аргентина, Чили, Эквадор, Парагвай (Амрикои Ҷанубӣ), Зеландияи Нав, ҷазираҳои Соломон (Уқёнус), Франсия, Голландия, Италия, Испания ва Маҷористон (Венгрия) – (Аврупо).

Маросими қуръакашии мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон байни наврасон санаи 22 июн дар маҷмааи намоишгоҳии Риосентрои Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ 24 тими иштирокчии мусобиқа  4-дастагӣ ба 6 гурӯҳ тақсим карда мешаванд.

Дар қуръакашӣ мавқеи ҷуғрофӣ – яктогӣ намояндаи конфедератсия дар гурӯҳҳо – ба инобат гирифта мешавад. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ва ҳамчунин чор дастаи дорои нишондиҳандаҳои беҳтарин байни тимҳои зинаи сеюмро дар гурӯҳҳо ишғолнамуда ба даври 1/8 финалии мусобиқа роҳхат мегиранд.

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) то ҳол муҳлати дақиқи баргузории мусобиқаи Чемпионати имсолаи ҷаҳонро байни наврасон муайян накардааст.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон бори дуюм аст, ки дар мусобиқаи чемпионати сайёра ширкат меварзанд. Дар дар мусобиқаи соли 2007 футболбозони навраси тоҷик ба даври 1/8 финалӣ роҳ ёфта буданд.

Ёдрас мекунем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар Ҷоми Осиё – 2018 мақоми дуюмро соҳиб гардид ва ба Ҷоми ҷаҳон – 2019 роҳхат гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...