Воридоти мошинҳои сабукрави хориҷӣ ба Тоҷикистон 57% афзуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бо вуҷуди болоравии андозаи боҷи гумрукӣ охири соли равон, воридоти мошинҳои сабукрав ба Тоҷикистон дар ҳоли афзоиши босуръат қарор дорад.

Семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 36,6 млн. доллар 4 ҳазору 511 адад воситаҳои нақлиёти сабукрав ворид карда шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар Хадамоти гумрук қайд карданд, ки дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли 2018 воридоти мошинҳои сабукрав ба ҷумҳурӣ 1 ҳазору 633 адад ё худ ба маблағи 14,4 млн. доллар зиёд шудааст.

Яъне шумори автомашинаҳои воридшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ба андозаи 57% афзудааст.

Таъкид шуд, ки аз охири соли гузашта аз воридоти воситаи нақлиёти сабукрав дар ҳаҷми 10% аз арзиши гумрукиаш боҷи гумрукӣ ситонида мешавад.

Тибқи маълумоти Хадамот, то ин дам боҷи воридотӣ ба автомобилҳое, аз вақти истеҳсолашон 5 сол муҳлат нагузаштааст, 5% ва ба автомобилҳои вақти истеҳсолашон зиёдтар аз 5 сол 7%-ро ташкил медод.

Зикр шуд, ки дар доираи уҳдадориҳои кишвар назди Созмони ҷаҳонии тиҷорат моҳи ноябри соли гузашта ҳаҷми боҷи воридотӣ боло бурда шуд.

Ҳамчунин аз воридоти автомашинаҳои сабукрав ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 10% аз арзиши гумрукии он андози аксизӣ ситонида мешавад.

Ғайр аз ин, зимни ворид кардани воситаи нақлиёт ба кишвар дар ҳаҷми 18% аз гардиши андозбандишуда андоз аз арзиши иловашуда ситонида мешавад.

Мувофиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ, таъкид доштанд дар Хадамоти гумрук, методи асосии муайян кардани арзиши гумрукии молу маҳсулот метод оид ба баҳогузории муомилот бо маҳсулоти воридотӣ мебошад.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, ба Тоҷикистон автомашинаҳои сабукрав асосан аз кишварҳои Назди Балтика, Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кореяи Ҷанубӣ ворид карда мешаванд.

Ба Тоҷикистон асосан автомашинаҳои тамғаҳои Opel, Mercedes-Bens, Hyundai, Toyota, Lada оварда мешаванд. Ҳамчунин ахиран воридоти мошинҳои тамғаҳои KIA, BMW, Skoda, Ravon низ зиёд мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли ҷорӣ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии истеҳсолашон то соли 2005 манъ шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...