Дар ошӯби зиндони Ваҳдат 3 корманди ин муассиса кушта шуданд

Asia-Plus

Дар муассисаи ислоҳии №3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар Ваҳдат санаи 19 май байни маҳбусон ва нозирони муассиса задухӯрд ба амал омад.

Тибқи маълумоти маркази матбуоти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, соати 20:30 дақиқаи рӯзи якшанбе 50 нафар маҳбусони хатарнок, ки барои пайравӣ ба “Давлати исломӣ” маҳкум шудаанд, бо корду дигар асосбҳои буранда мусаллаҳ шуда, 3 корманди муассисаро гаравгон гирифта, сипас онҳоро куштаанд.

“Дархости кормандони муассисаро дар мавриди қатъи бетартибиҳо ва риояи қонун ошӯбгарон қатъиян рад намуда, таъҷилан аз зиндон озод карданашонро талаб кардаанд. Дар ҷараёни гуфтушунид миёни худи ҷинояткорон муноқиша ва задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, онҳо бо корду дигар ашёи тезу бурандаи доштаашон ба кормандони муассиса ҳуҷум ва чанд нафари онҳоро захмдор карданд”, – қайд мешавад дар маълумоти маркази матбуоти Вазорат.

Дар натиҷаи “андешидани чораҳои таъхирнопазири қонунӣ оид ба таъмини тартиботи дохилӣ дар муассиса, байни ошӯбгарони ниҳоят хатарнок талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуд.  Айни замон вазъ муътадил буда, пурра зери назорат аст”.

Муассисаи ислоҳии №3/3, бештар маъруф бо номи “Кирпичний” дар шаҳраки Роҳатӣ дар ноҳияи Ваҳдат, 15 километрии шарқи Душанбе воқеъ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...