Дар ошӯби зиндони Ваҳдат 3 корманди ин муассиса кушта шуданд

Дар муассисаи ислоҳии №3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар Ваҳдат санаи 19 май байни маҳбусон ва нозирони муассиса задухӯрд ба амал омад. Тибқи маълумоти маркази матбуоти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, соати 20:30 дақиқаи рӯзи якшанбе 50 нафар маҳбусони хатарнок, ки барои пайравӣ ба “Давлати исломӣ” маҳкум шудаанд, бо корду дигар асосбҳои буранда мусаллаҳ […]

Asia-Plus

Дар муассисаи ислоҳии №3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар Ваҳдат санаи 19 май байни маҳбусон ва нозирони муассиса задухӯрд ба амал омад.

Тибқи маълумоти маркази матбуоти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, соати 20:30 дақиқаи рӯзи якшанбе 50 нафар маҳбусони хатарнок, ки барои пайравӣ ба “Давлати исломӣ” маҳкум шудаанд, бо корду дигар асосбҳои буранда мусаллаҳ шуда, 3 корманди муассисаро гаравгон гирифта, сипас онҳоро куштаанд.

“Дархости кормандони муассисаро дар мавриди қатъи бетартибиҳо ва риояи қонун ошӯбгарон қатъиян рад намуда, таъҷилан аз зиндон озод карданашонро талаб кардаанд. Дар ҷараёни гуфтушунид миёни худи ҷинояткорон муноқиша ва задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, онҳо бо корду дигар ашёи тезу бурандаи доштаашон ба кормандони муассиса ҳуҷум ва чанд нафари онҳоро захмдор карданд”, – қайд мешавад дар маълумоти маркази матбуоти Вазорат.

Дар натиҷаи “андешидани чораҳои таъхирнопазири қонунӣ оид ба таъмини тартиботи дохилӣ дар муассиса, байни ошӯбгарони ниҳоят хатарнок талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуд.  Айни замон вазъ муътадил буда, пурра зери назорат аст”.

Муассисаи ислоҳии №3/3, бештар маъруф бо номи “Кирпичний” дар шаҳраки Роҳатӣ дар ноҳияи Ваҳдат, 15 километрии шарқи Душанбе воқеъ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.