Роҳи танобӣ ба макони писандидаи истироҳат табдил ёфт

Нахустин роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки моҳи апрели ҳамин сол ба истифода дода шуд, дар як муддати кӯтоҳ ба макони писандидаи истироҳат табдил ёфт. Ҳар рӯз на камтар аз 200 нафар аз он истифода мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки билет барои савор шудан ба он начандон арзон аст: билет ба ҳарду самт барои […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Нахустин роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки моҳи апрели ҳамин сол ба истифода дода шуд, дар як муддати кӯтоҳ ба макони писандидаи истироҳат табдил ёфт. Ҳар рӯз на камтар аз 200 нафар аз он истифода мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки билет барои савор шудан ба он начандон арзон аст: билет ба ҳарду самт барои калонсолон – 30 сомонӣ, барои кӯдакони аз 3 то 12-сола – 20 сомонӣ нарх дорад.

Бо вуҷуди ин, шумори боздидкунандагон аз роҳ кам нест. Сокинону меҳмонони шаҳр мегӯянд, тамошои шаҳр аз баландии 35 метр ба кас ҳаловати хос мебахшад ва барои чунин зебоӣ пул пардохт кардан гапе надорад.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.