Ёде аз Муъмин Қаноат – достонсарои маъруфи тоҷик

Имрӯз зодрӯзи шоири маъруфи тоҷик устод Муъмин Қаноат аст. Агар устод дар қайди ҳаёт мебуданд, имрӯз 87-сола мешуданд. Ба хотири ёдбуди шоир маводеро бароятон манзур мекунем. Дар як маводи сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон қайд мешавад, ки Муъмин Қаноат устоди шоирони муосири тоҷик буда, дар достонсароӣ баъди устод Турсунзода касе ба пояи ӯ нарасидааст. Гуфта мешавад, […]

Asia-Plus

Имрӯз зодрӯзи шоири маъруфи тоҷик устод Муъмин Қаноат аст. Агар устод дар қайди ҳаёт мебуданд, имрӯз 87-сола мешуданд. Ба хотири ёдбуди шоир маводеро бароятон манзур мекунем.

Дар як маводи сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон қайд мешавад, ки Муъмин Қаноат устоди шоирони муосири тоҷик буда, дар достонсароӣ баъди устод Турсунзода касе ба пояи ӯ нарасидааст.

Гуфта мешавад, бахусус достонҳои қаҳрамонии ӯ аз ҳикоёти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва достонҳои таърихиаш мондагортарин асарҳо дар адабиёти тоҷиканд. Дар ҳамаи жанрҳои адабӣ шеър гуфтааст, вале дар достонсароӣ беш аз дигарон муваффақ будааст.

Муъмин Қаноат  20-уми майи  соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи  Дарвоз дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ў баъди хатми  мактаби миёна ба факултаи  филология Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад ва онро соли 1956 ба итмом  мерасонад. Сипас фаъолияташро дар маҷаллаи «Садои Шарқ»оғоз мекунад.

Маҷмӯаи  нахустини ашъори ў бо номи «Шарора» (соли 1960) ва дуюмаш «Ситораҳои замин» (соли 1963) ба табъ мерасанд ва сипас китобҳои дигари ў пайи  ҳам рўйи чоп меоянд.

Минбаъд  ў  ба жанри достон  рў меоварад ва достонҳои  «Мавҷҳои  Днепр», «Достони оташ», «Суруши Сталинград», «Тоҷикистонисми манн»,» Гаҳвари Сино», «Падар», «Ситораи Исмат» «Ҳамосаи дод» ва «Масъуднома» маҳсули эҷоди ин адиби суханпардоз аст.

Соли 1977  Муъмин Қаноат барои достонҳои «Сурўши Сталинград» ва «Тоҷикистон  исми ман» сазовори  Ҷоизаи давлатии  Иттиҳоди Шўравӣ  мегардад ва соли 1980 барои достони  «Гаҳвораи Сино» ба дарёфти  Ҷоизаи  давлатии ба номи  Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ноил  мегардад.

Достонҳои  ў саршори андешаҳои  фалсафӣ буда, дар онҳо рўҳи баланди ватандўстӣ, инсонпарварӣ дўстии байни  миллатҳо ситоиш ёфтаанд.  Намунаи  осор ва китобҳои  алоҳидаи ў  борҳо  ба забонҳои русӣ, украинӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, ўзбекӣ, тоторӣ, чехӣ, булғорӣ ва дигар забонҳои олам тарҷума  ва чоп шудааст ва ў низ асарҳои  суханварони бузурги  дунё, аз ҷумла Пушкин, Шекспир, Митскевич, Маяковский, Марссинкяевичус ва дигаронро ба тоҷикӣ баргардон  кардаааст .

Дар баробари фаъолияти эҷодӣ  ў боз дар вазифаҳои  масъул кор карда,  барои  рушди илму фарҳанги  тоҷик саҳми  босазо  гузоштааст.               

Соли 1968 ў муовини аввали раис ва аз 1976 то 1991 котиби якуми Садорати  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва  Пажўҳишгоҳи  осори хаттии  Академияи  илмҳои  Тоҷикистонро сарварӣ кард.

Тайи  солҳои 1996-2000  ў  муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон солҳои 2001-2011 муовини раиси Кумитаи  Ҷоизаҳои давлатии  Абўабдулло Рўдакӣ  буд.

Ў узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, чандин  маротиба вакили  мардумӣ дар Шўрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст. Барои рушди адабиёт ў бо ордену медалҳо, ифтихорномаҳо  қадр карда  шудааст ва соли 1991 вай ба унвони баланди  Шоири  халқии Тоҷикистон ноил мегардад.  

Мӯъмин Қаноат, шоири маъруфи тоҷик 18-уми майи соли 2018 дар синни 86-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.