Ҳабси ронандаи Mercedes-Benz дар Душанбе барои ҷанҷол бо ронандаи троллейбус

Asia-Plus

Баҳодур Яҳёев, ронандаи автомашинаи Mercedes-Benz барои майдаавбошӣ ба 7 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ӯ назди бозори “Султони Кабир” автомашинаи худро нодуруст манъ карда, ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт роҳ додааст.

“Номбурда ба эроди дигар ронандагони воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ронандаи тролейбус Хушбахт Раҳимов оид ба кушодани пеши роҳ беэътиноӣ зоҳир намуда, бар замми ин ӯро дашномҳои қабеҳ ва шаъну шарафашро дар назди дигар шаҳрвандон паст зада, ҳамзамон бо ӯ даст ба гиребон шудааст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, баъди ин ҳодиса ронандаи автомашинаи Mercedes-Benz аз ҷониби кормандони милитсия боздошт ва нисбати ӯ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парванда боз мешавад.

Суди ноҳияи Фирдавсии пйоатх санаи 20 май Баҳодур Яҳёевро ба ҷазои ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 рӯз маҳкум кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...