Ҳабси ронандаи Mercedes-Benz дар Душанбе барои ҷанҷол бо ронандаи троллейбус

Баҳодур Яҳёев, ронандаи автомашинаи Mercedes-Benz барои майдаавбошӣ ба 7 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ӯ назди бозори “Султони Кабир” автомашинаи худро нодуруст манъ карда, ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт роҳ додааст. “Номбурда ба эроди дигар ронандагони воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ронандаи тролейбус Хушбахт Раҳимов оид ба […]

Баҳодур Яҳёев, ронандаи автомашинаи Mercedes-Benz барои майдаавбошӣ ба 7 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ӯ назди бозори “Султони Кабир” автомашинаи худро нодуруст манъ карда, ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт роҳ додааст.

“Номбурда ба эроди дигар ронандагони воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ронандаи тролейбус Хушбахт Раҳимов оид ба кушодани пеши роҳ беэътиноӣ зоҳир намуда, бар замми ин ӯро дашномҳои қабеҳ ва шаъну шарафашро дар назди дигар шаҳрвандон паст зада, ҳамзамон бо ӯ даст ба гиребон шудааст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, баъди ин ҳодиса ронандаи автомашинаи Mercedes-Benz аз ҷониби кормандони милитсия боздошт ва нисбати ӯ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парванда боз мешавад.

Суди ноҳияи Фирдавсии пйоатх санаи 20 май Баҳодур Яҳёевро ба ҷазои ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 рӯз маҳкум кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.