БМТ сабабҳои камчинии долларро дар Тоҷикистон шарҳ дод

Бонки миллии Тоҷикистон сабабҳои камбуди шадиди доллари амрикоиро дар бозори дохилии асъор шарҳ дод. Сабабҳои асосии болоравии талабот ба долларро дар Бонки миллӣ ба афзоиши тавозуни манфии савдо (зиёд будани воридот аз содирот) ва афзоиши мавсимии фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ дар давраи фасли баҳор нисбат доданд. Ғайр аз ин, дар Бонки миллӣ зиёдшавии хароҷоти асъории […]

Бонки миллии Тоҷикистон сабабҳои камбуди шадиди доллари амрикоиро дар бозори дохилии асъор шарҳ дод.

Сабабҳои асосии болоравии талабот ба долларро дар Бонки миллӣ ба афзоиши тавозуни манфии савдо (зиёд будани воридот аз содирот) ва афзоиши мавсимии фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ дар давраи фасли баҳор нисбат доданд.

Ғайр аз ин, дар Бонки миллӣ зиёдшавии хароҷоти асъории буҷети давлатиро барои сохтмони иншооти стратегӣ ва пардохти қарзи давлатиро низ қайд карданд, ки ба ҳаҷми асъори нақд дар бозор таъсир мекунад.

“Бо истифода аз болоравии талабот ва пешниҳоди нокофии асъори хориҷӣ, баъзе субъектҳо дар бозори ғайрирасмии асъор ба ҳаннотӣ машғул мешаванд, ки дар навбати худ ба фарқияти назаррас байни қурби расмӣ ва ғайрирасмии асъори хориҷӣ боис мегардад”, – зикр карданд ба “Азия-Плюс” дар Бонки миллӣ.

Зимнан таъкид шуд, ки барои пешгирии фаъолияти бозорҳои ғайрирасмии мубодилаи асъор аз ҳисоби кормандони Прокуратураи генералӣ ва Бонки миллӣ гурӯҳҳои доимоамалкунанда фаъолият доранд, ки аз анҷом додани амалиёти ғайриқонунии вобаста ба асъор пешгирӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, ҳамарӯза ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми 1,5 млн. доллар асъори хориҷӣ пешниҳод мекунанд.

Камчинии доллар

Дар бозори асъори Тоҷикистон тайи чанд ҳафтаи ахир камчинии шадиди доллар ба мушоҳида мерасад.

Дар марказҳои бонкии мубодилаи асъор дастрасӣ ба доллар қариб ғайриимкон буда, онро метавон танҳо дар баъзе бонкҳо дар ҳаҷми маҳдуд – на бештар аз 200 доллар ба як нафар ба даст овард.

Захираҳои асъори бонкҳо маъмулан то танаффуси нисфирӯзӣ ба охир мерасанд. Аз ин рӯ, ҳамин миқдор асъорро ҳам на ҳама хоҳишмандон гирифта метавонанд.

Дар ҳамин ҳол, пули миллиро метавон ба қавле дар “бозори сиёҳ (пасипардагӣ)” назди афроди ғайриқонунӣ ба мубодила машғул дар ҳама гуна миқдор бо доллар иваз намуд, лекин бо қурби баландтар. Ҳамин тавр, агар қурби фурӯши асъори амрикоӣ дар бонкҳо дар сатҳи 9,45 сомонӣ муқаррар шуда бошад, дар бозори ғайрирасмӣ барои 1 доллар аллакай беш аз 10 сомонӣ талаб мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.