Баррасии дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот маҷмуъи васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби барномаҳои шарикии стратегӣ ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот маҷмуъи васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби барномаҳои шарикии стратегӣ ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба рушду густариш ва таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷаворӣ бо кишвари Чин манфиатдор аст.

Гуфта мешавад, аз сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои робитаҳои дуҷониба, муколамаи сатҳи олӣ, натиҷаҳои сафарҳои ҷавобии расмӣ ва давлатии сарони давлатҳо, татбиқи нишондиҳандаҳои санадаҳои байниҳукуматии ҳамкорӣ ва иштироки ҷониби Чин дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори қанотмандӣ шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкориро дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, аз ҷумла соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат,энергетика, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, саноат, маориф, фарҳанг ва илму технология муҳокима карданд.

Дар ин замина тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд як роҳ” ва афзун намудани ҳаҷми сармоягузориҳои Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин мавзуҳои дигари марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла таъмини амнияти минтақавӣ, мусоидат ба ҳали мусолиҳатомези вазъи сиёсию амниятӣ дар кишварҳои минтақа ва муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.