Чаро дар Тоҷикистон ба зарари истеъмоли нос таваҷҷуҳи лозима зоҳир намешавад?

Date:

Дар Тоҷикистон мутахассисони Вазорати тандурустӣ  дар як нишасте бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо тамоку пешниҳод намуданд, ки барои коҳиши истеъмоли сигор бояд нархи он боло бурда шавад, то мардум ба он дастрасии камтар дошта бошад. 

Аммо барои пешгирӣ ва кам кардани истеъмоли навъи дигари тамоку – нос, ки дар Тоҷикистон қисми зиёди аҳолӣ онро истеъмол мекунад, то ба ҳол ҳеҷ тасмими ҷиддиеро рӯи кор нагирифтаанд.

Дар соҳаи тиб ба ғайр аз як тадқиқоте, ки аз ҷониби олимони кафедраи саратоншиносии ДДТТ дар соли 2014 гузаронида шуда буд, то ҳол дигар пажӯҳише сурат нагирифтааст. Ва олимони соҳаи тандурустии Тоҷикистон то кунун ба таври мушаххас муайян накардаанд, ки дар таркиби нос кадом элементҳо мавҷуд аст.

Баъзе нафарон нигаронӣ доранд, ки ҳатто дар мактабҳои миёна толибилмон аз устодони худ дар вақтҳои танаффус нос мепурсанду якҷо истеъмол мекунанд.

Сабаби асосии зиёд гаштани истеъмоли носро ба тарғиби нокофии зиёни ин навъи тамоку миёни аҳолӣ нисбат медиҳанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар расонаҳои тоҷикӣ танҳо доир ба зарари сигор гуфта мешаваду халос. Аз ин боис миёни ҷомеа доир ба ин масъала фаҳмиши нодурусте ба вуҷуд омадааст. Нафарони  носкаш дар аксар ҳолат фикр мекунанд, ки нос ба саломатии эшон зараре надорад.

Далерҷони Шарофиддин, як ҷавони тоҷик аст, ки аз синни 10 солагӣ ба истеъмоли нос машғул аст. Ба гуфтаи ӯ, кашидани нос гарчанде барояш хуш нест, вале бидуни истеъмоли ин маҳсулот худро наметавонад хуб ҳис кунад. Дар бораи зарари ҷиддӣ доштани нос ба саломатӣ қариб чизеро нахондааст. Ӯ мегӯяд, замоне, ки донишҷӯ шуд, ба сабаби нохушоянд будану таънаи баъзе аз ҳамдарсонаш, хост аз истеъмоли нос даст кашаду ба сигор гузарад.

– Давоми як моҳ нос накашидаму рӯзе ҳудуди 10-15 дона сигор мекашидам. Ин барои мани донишҷӯ бисёр гарон афтод. Ба нархи се рӯзи сигори мекашидаам, барои як моҳ метавонам нос кашам. Ҳам нарх ва ҳам дуди сигор, ки намешавад дар ҳар куҷо онро кашид, бароям чандон писанд набуд. Носро бошад дар ҳар куҷо ки бошад, метавон истеъмол кард. Касе кордор намешавад. Ҳатто дар баъзе дарсҳои лексионӣ низ баҳузур нос мекашидам. Айни ҳол низ чи дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва чи шахсӣ метавонам баҳузур нос кашам,-мегӯяд, Далер.

Ба гуфтаи ин ҷавон, рӯзҳое, ки бо кадом баҳонае мисли рӯзҳои рамазон тамоман нос намекашад, бисёр асабӣ мешавад ва ба ҳар як майда чӯйда кор  мегирад. Носкашон барои бисёр асабӣ нашудан, кашидани онро авло медонанд.

Мутахассисон муайян намудаанд, ки миқдори никотин ва дигар моддаҳои химиявӣ дар таркиби нос аз сигарет бамаротиб зиёд буда, зарараш ба саломатӣ аз дигар маҳсулоти тамоку кам нест.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Шероз Мирзоев, муовини директори Маркази миллии мониторинг ва пешгирии наъшамандӣ дар мавриди зарари нос низ гуфт, ки ин хока ба саломатии инсон зарари бениҳоят зиёд дошта, метавонад шахсро гирифтори бемории саратони табобатнашаванда гардонад. Ва дар ҳолати гарон шудани сигор, шояд шумораи истифодабарандагони нос бештар гардад. 

– Аз истеъмоли нос инсон метавонад ба бемории майнаи сар, ковокии даҳон, милки дандон, сурхной ва меъда гирифтор шуда, зарари расида метавонад ба бемориҳои саратони ковокии даҳон, илтиҳоби меъда (гастрит) гардад. Аммо мутаассифона, имрӯз мардону занон ва ҳатто ҷавонони мо зиёд носро истифода мебаранд, ки ба бемориҳои табобатнашаванда гирифтор мегарданд. Як сабаби истеъмоли нос агар дар арзон будани он бошад, сабаби дигар зиёд будани ҳисси кунҷковии ҷавонон нисбат ба ин маҳсулот ва бисёр истифода шудани он дар хонаводаи онҳо мебошад. Дар таркиби нос лекатсин зиёд аст ва шахсро метавонад ба худ мутеъ гардонад. Ин гуна афродс ғуломи нос ва ахиран ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. 

Шероз Мирзоев ҳамчунин илова кард, ки аз истеъмоли зиёди нос мақомоти дахлдор нигарон буда, Вазорати тандурустӣ соли 2018  дар мавриди аз ҷониби чанд фисади аҳолии Тоҷикистон истеъмол шудани нос таҳқиқот гузаронидааст ва дар наздиктарин фурсат ин омор расман пешниҳод мегардад.

Бино ба маълумоти мутахассисони хориҷӣ (Федератсияи Россия ва Британияи Кабир), дар таркиби нос 18 намуд маводи зудтаъсири химиявӣ мавҷуд аст. Зимни санҷишҳои лабораторӣ муайян шудааст, ки агар дар як дона сигарет то 1 миллиграмм никотин мавҷуд бошад, пас он дар носе, ки барои як маротиба кашидан истифода мешавад, то 24 миллиграмми он мавҷуд аст. Ҳангоми омода кардани нос дар баробари тамоку, хокистари арча, ишқор ва оҳак низ истифода мешавад. Ҳамчунин бояд қайд кард, ки нос технологияи муайяни истеҳсол ва ягон меъёри пазируфташуда надорад.

Мутахассисони тоҷик дар як нишасте, ки 28 май бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни тамоку бо иштироки Марта Эверард, роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷараён гирифт, гуфтанд, ки агарчанде на вазорати тандурустӣ ва на ҳеҷ ниҳоди дигар доири ҷиддан маҳдуд кардани истеҳсолу фурӯш ва истеъмоли нос ҳеҷ тарҳеро рӯи даст надоранд, вале аввалин кор барои кам кардани нос боло бурдани нархи он буда метавонад.

Нос навъи тамокуест, ки дар Тоҷикистон асрҳои аср аз он истифода мебаранд. Ба гуфтаи мутахассисони хориҷӣ, ватани аслии нос Осиёи Марказӣ аст ва онро ҷузъе аз фарҳанги мардумони тоҷику қирғизу қазоқ низ ном мебаранд. Ба тахмини коршиносони тоҷик, дар Тоҷикистон истеъмолкунандагони нос кам нестанд. Худи нархи нос бозгӯи он аст, ки ин навъи маҳсулот харидорони зиёд дорад. Як пакети нос дар бозорҳо вобаста ба “сифат”-аш аз як сомон сар мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...