Ширкатҳои Чин ду қитъаи роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумбро таъмиру навсозӣ мекунанд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ширкатҳои Чин дар бораи таъмиру навсозии қитъаҳои ҷудогонаи роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб тавофуқ ҳосил кард. Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо ширкати JV оf СSСЕС Хingiang  Соnstraction  & Еnginiring Со. дар бораи анҷоми корҳои таъмиру навсозии қитъаи роҳи 33-километра, ки шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳин […]

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ширкатҳои Чин дар бораи таъмиру навсозии қитъаҳои ҷудогонаи роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб тавофуқ ҳосил кард.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо ширкати JV оf СSСЕС Хingiang  Соnstraction  & Еnginiring Со. дар бораи анҷоми корҳои таъмиру навсозии қитъаи роҳи 33-километра, ки шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) мепайвандад, созишнома ба имзо расид.

Дар ин қитъаи роҳ, ба ҷуз иҷрои корҳои дигар, бунёди се пул бо масофаи умумии 108 метр пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин бо ширкати дигари Чин – Сhina Roud Bridg Corporation дар бораи иҷрои корҳои таъмиру навсозии қитъаи 26-километра аз деҳаи Шкев то шаҳраки Қалъаи Хумб низ созишнома ба имзо расид.

Дар ин қитъаи роҳ низ сохтмони се пул бо масофаи умумии 74 метр ба нақша гирифта шудааст.

Маблағи умумии ин ду лоиҳа 115,5 млн. долларро ташкил дода, сармоягузорӣ аз ҳисоби воситаҳои ҷалбшудаи Бонки исломии рушд, Фонди Саудии рушд, Фонди рушди Кувейт, Фонди Абӯ-Дабӣ, ОПЕК, ҳамчунин аз ҳисоби саҳмгузориҳои ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.