Иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон санаи 29 май пурра – 100% ба иҷро расид, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ майор Ориф Нозимиён. “Нахуст Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон дар бораи барзиёд иҷро шудани нақша ва дар идома шаҳри Душанбеву ноҳияҳои тобеи марказ аз иҷрои […]

Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон санаи 29 май пурра – 100% ба иҷро расид, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ майор Ориф Нозимиён.

“Нахуст Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон дар бораи барзиёд иҷро шудани нақша ва дар идома шаҳри Душанбеву ноҳияҳои тобеи марказ аз иҷрои он хабар дода, вилоятҳои Суғду Хатлон иҷрои нақшаро дар як вақт ба сомон расониданд. Ба сурати умум дар ҳамаи минтақаҳо нақшаи даъват ду рӯз пеш аз муҳлат 100% иҷро карда шуд”, – хабар дод Нозимиён.

Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон корҳои тақсими наваскарон ба қисмҳои ҳарбӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, аксарият аллакай савганди ҳарбӣ ёд кардаанд ва давраи омӯзиширо паси сар карда истодаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, дар Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ тақрибан 15-16 ҳазор нафар шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола даъват карда мешаванд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.