Пайвандони Галим Фасхутдинов маблағи зиёни молиявиро гирифта наметавонанд

Пайвандони журналист Галим Фасхутдинов, ки бар асари пахши автомашина ба халокат расида буд, маблағи аз ҷониби суд таъиншудаи зиёни маънавӣ ва молиро гирифта наметавонанд. Сабабаш дар он аст, ки ронандаи рӯзноманигорро пахшнамуда дар зиндон буда, корхонае, ки ӯ дар он кор мекард, барҳам дода шудааст. Адвокати ҷониби ҷабрдида Далер Қурбонов ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки […]

Пайвандони журналист Галим Фасхутдинов, ки бар асари пахши автомашина ба халокат расида буд, маблағи аз ҷониби суд таъиншудаи зиёни маънавӣ ва молиро гирифта наметавонанд. Сабабаш дар он аст, ки ронандаи рӯзноманигорро пахшнамуда дар зиндон буда, корхонае, ки ӯ дар он кор мекард, барҳам дода шудааст.

Адвокати ҷониби ҷабрдида Далер Қурбонов ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки суди ноҳияи Синои пойтахт ҳанӯз моҳи октябри соли 2018 дар бораи рӯёнидани зиёни маънавӣ ва молӣ аз рӯи ин парванда қарор содир намуда буд.

“Мувофиқи қарори суд, ҷавобгарон – Бахтиёр Халифаев ва ҶДММ “Шириниҳои Шоҳона” бояд ба хоҳар ва ҳамсари Галим Фасхутдинов зиёни маънавӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ва маънавӣ – 40 ҳазору 212 сомонӣ маблағ пардохт мекарданд, – иброз дошт адвокат. – Ҳамчунин ҳар моҳ барои ду фарзанди ноболиғи ҳалокшуда ба ҳар кадоме 500 сомонӣ медоданд, лекин то ба имрӯз муассиси корхонаи “Шириниҳои Шоҳона” 1500 сомонӣ ва ронанда Халифаев – 100 сомонӣ ва дар маҷмӯъ аз ҷониби ҷавобгарон ҳамагӣ 2500 сомонӣ маблағ пардохт шудаасту халос”.

Бино ба гуфтаи ӯ, рӯзи 23 январи соли 2019 ҶДММ “Шириниҳои Шоҳона” аз ҷониби Бахши бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони хусусии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барҳам дода шуд.

“Аммо ҳанӯз 24 августи соли 2018 мо хаттӣ ба Шуъбаи бақайдгирии шаҳрӣ бо дархости боздошти ҷараёни барҳамдиҳии ин корхона то охири мурофиаи судӣ муроҷиат намудем, – мегӯяд Қурбонов. – Инак суд қарор содир намуда, судиҷрочиёни ноҳияи Сино изҳор мекунанд, ки бинобар сабаби барҳам додани ҶДММ “Шириниҳои Шоҳона” онро иҷро карда наметавонанд”.

Зимнан зикр шуд, ки ронанда Бахтиёр Халифаев маҳкум шуда, ба ҷабрдидагон маблағи зиёд пардохт карда наметавонад ва акнун барои ҳалли масъала онҳоро лозим аст, ки ба прокуратура, мақомоти иҷроия ва дигар сохторҳои дахлдор муроҷиат намоянд.

Ёдрас мекунем, ки Галим Фасхутдинов дар синни 44-солагӣ фавтид. Соҳиби ду писар буд. Ӯ бар асари садамаи нақлиёти назди мавзеи бемористони рақами 3-и шаҳри Душанбе (маъруф бо 1-ум Советский) ба ҳалокат расид. Рӯзноманигор ҳангоми бозгашт аз кор роҳро дар чароғаки сабз мегузашт. Тибқи маълумоти пешакӣ, ин ҳангом автомашинае, ки бо суръати баланд ҳаракат мекард, саривақт онро боздошта натавониста, ӯро пахш кард.

Галим Фасхутдинов солҳои зиёд ба ҳайси хабарнигори радиои “Мир”, хабарнигори радиои “Голос России” дар Тоҷикистон фаъолият дошт. Солҳои охир ба сифати хабарнигори бахши русии радиои “Мавҷи Олмон” кор мекард. Ҳамчунин узви фаъоли ҷамъияти тоторҳои Тоҷикистон буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.