Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикистон ИА-ро аз ҷумлаи ҳамёрони муҳими байналмилалӣ медонад”

Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мулоқоти сатҳи олӣ нахуст дар вохӯрии хосаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Туск, оғоз гардида, сипас дар музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо (ИА) сурат гирифт. Сарвари […]

Asia-Plus

Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мулоқоти сатҳи олӣ нахуст дар вохӯрии хосаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Туск, оғоз гардида, сипас дар музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо (ИА) сурат гирифт.

Сарвари давлат аз раванди таҳкиму тавсеаи бемайлони равобити Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки “Тоҷикистон ба масъалаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи ҳамёрони муҳим дар арсаи байналмилалӣ медонад”.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию башардӯстонаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи санадҳои қаблан имзошуда, аз ҷумла Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карда, нақши Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ ва Зеркумитаи рушди он, Муколамаи сиёсию амниятӣ ва Муколамаи ҳуқуқи инсонро барои таҳкими муносибот, назаррас арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон манфиатдори ба роҳ мондани ҳамкории бештару судманд бо Аврупо дар соҳаҳои сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон, воридоти технологияи нав, рушди бахши хусусии саноатӣ, коркарди маъдан ва татбиқи амалии тарҳҳои бузурги инфрасохторӣ дар самтҳои коммуникатсияи нақлиётӣ ва энергетика мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди зуҳуроти терроризм, оқибатҳои талху марговари он, паҳншавии терроризму зуҳуроти экстремизм дар минтақа ва ҷаҳон, хатари гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ муҳокима карда шуд.

Дар Изҳороти матбуотӣ пас аз музокирот бо Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск Сапрвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки равобити ҳасана ва дӯстонаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо тайи давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон бар пояи усулҳои баробарҳуқуқӣ, ҳусни тафоҳум, эҳтирому эътимод ба якдигар ва риояи манфиатҳои тарафайн ба роҳ монда шуда, дар маҷрои созанда бомаром рушд карда истодаанд.

Дар баробари ин қайд карда шуд, ки дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он равандҳои нави сиёсию иқтисодӣ ва амниятӣ ташаккул ёфтаанд.

“Ин воқеият зарурати васеътар кардани доираи рӯзномаи ҳамкориҳо ва таҷдиди заминаи ҳуқуқии онҳоро пеш овардааст, – иброз дошт ӯ. – Ин аст, ки мо масъалаи мазкурро мавриди музокирот қарор дода, барои оғоз бахшидан ба раванди таҳия ва ба имзо расонидани Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба мувофиқа расидем.

Дар музокирот бахши иқтисодии ҳамкориҳо мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифта, дар ин замина, тақвият бахшидан ба асосҳои меъёрву ҳуқуқии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро тақозои рӯз дониста шуд.

“Дар ин робита мо оғози раванди воридшавии Тоҷикистонро ба Барномаи имтиёзҳои иқтисодии Иттиҳоди Аврупо – "Ҷи Эс Пи Плюс" (GSP+) -, ки содироти молу маҳсулоти кишвари моро ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо аз имтиёзҳои гумрукӣ бархурдор хоҳад кард, баррасӣ намудем”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳаҷми умумии кумаки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон танҳо барои давраи то соли 2015 зиёда аз 500 миллион Евроро ташкил дода, айни замон дар чаҳорчуби Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ барои кумак ба Тоҷикистон дар соҳаҳои рушди маҳал, тандурустӣ ва маориф лоиҳаҳо бо маблағи зиёда аз 250 миллион Евро татбиқ шуда истодаанд.

Дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон Доналд Туск ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварда, бо вазъи марбут ба пиряхҳо шинос шуд. Дар сафар ба Помир ӯро раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ҳамроҳӣ намуд, менависад Радиои Озодӣ.

Роҳбари Шӯрои Аврупо дар саҳифаи худ якчанд аксҳоеро аз кӯли Сарез нашр намуд, ки рӯи панҷшанбе аз он боздид кардааст.

“Дар ин ҷо метавон оқибатҳои тағйирёбии иқлимро бо чашмони худ мушоҳида кард. Аллакай панҷ пирях аз байн рафта, сатҳи об боло меравад. Тағйирёбии иқлим мушкилоти ҷаҳонист ва мо ҳамроҳ онро бояд ҳаллу фасл намоем”, – навиштааст ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.