Ҳамаи иштирокчиёни давраи 1/8 финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон муайян шуданд

Asia-Plus

Бозиҳои даври интихобии мусобиқа барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон анҷом ёфта, ҳамаи иштирокчиёни давраи 1/8 финалӣ муайян шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои даври интихобӣ ҳашт дастаи лигаи якум – «Барқчӣ», «Ҳулбук», «Душанбе-83», «Эсхата», «Дӯстӣ», «Саройқамар», «Исфара» ва «Ваҳдат» ба марҳилаи минбаъдаи мусобиқа роҳхат гирифтанд.

Дар даври 1/8 финалии мусобиқа ба онҳо ҳашт дастаи Лигаи олӣ – «Истиқлол», «Хуҷанд», «Кӯктош», «Регар-ТадАЗ», «Хатлон», КМВА «Помир», «Панҷшер» ва «Истаравшан» ҳамроҳ мешаванд.

Бино ба иттилои Федратсияи футболи Тоҷикистон, маросими қуръапартоии даври 1/финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон баъдтар доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки дорандаи ҳозираи Ҷоми футболи Тоҷикистон тими “Истиқлол”-и Душанбе буда, дар бозии финалии соли гузашта дастаи “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.    

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Financial Times” гуфтааст, ки қасд дорад “нафти Эронро дар ихтиёр гирад” ва мумкин аст ҷазираи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.