Омодагии Эрон ба рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо бо Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ эътимодномаи худро ба Президенти ин кишвар Ҳасани Рӯҳонӣ супорид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чаҳорчӯби маросими мазкур мулоқоти сафир бо президенти Эрон доир гардида, зимни он ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак […]

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ эътимодномаи худро ба Президенти ин кишвар Ҳасани Рӯҳонӣ супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чаҳорчӯби маросими мазкур мулоқоти сафир бо президенти Эрон доир гардида, зимни он ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.

Гуфта мешавад, Ҳасани Рӯҳонӣ бо ишора ба натиҷаҳои мулоқоти охираш бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе дар 15 июни соли 2019, омодагии кишварашро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, фарҳанг ва дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ эълон дошта, ин равобитро ба нафъи ду давлат ва минтақа донист.

Зимнан зикр мегардад, ки Ҳасани Рӯҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои мизбонӣ ва баргузории шоистаи 5-умин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баҳои баланд дода, ба сафир Низомиддин Зоҳидӣ барои фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳо таманно намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.