Кордкашии зодагони Осиёи Марказӣ назди метрои Маскав

Asia-Plus

Бар асари ҷанҷолу занозанӣ назди истгоҳи метрои “Электрозаводская” дар шаҳри Маскав як нафар ҳалок ва се тани дигар осеб диданд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба як манбаъ.

“Ҷанҷолу занозании дастаҷамъӣ назди даромадгоҳи метро субҳи барвақти рӯзи 19 июн рух дод. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар он зодагони Осиёи Миёна, ки дар ҳолати мастӣ аз машрубот қарор доштанд, иштирок кардаанд”, – иброз доштааст манбаъ.

Қайд мешавад, ки дар занозанӣ то 10 нафар – зодагони минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок доштаанд.

“Ҳодиса соати 05:30 дақиқаи субҳ дар гулгашти назди даромадгоҳ ба метро рух дода, ҳангоми ҷанҷолу занозанӣ онҳо аз чӯбу калтаку арматура ва корд истифода бурдаанд”, – қайд кардааст сарчашмаи хабар.

Бино ба маълумоти сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”, занозанӣ байни муҳоҷирон аз Қирғизистон сурат гирифтааст. Дар видеоҳои аз ҷои ҳодиса нашршуда низ дида мешавад, ки муҳоҷирон дар назди тарабхонае бо номи "Иссиқкӯл” дастбагиребон шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".