Наҷотдиҳандагони КҲФ се наврасро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Asia-Plus

Ба шарофати вокуниши фаврии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳаводиси нохуш дар махзанҳои об навбатдорӣ мекунанд, се навраси то 15-сола наҷот дода шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, ҳангоми навбатдорӣ дар соҳилҳои дарёи Сир гурӯҳи ғаввосон-наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд се сокини шаҳри Хуҷандро, ки дар ҳоли ғарқ шудан дар об буданд, наҷот доданд. Ин наврасон дар минтақае оббозӣ мекарданд, ки шиноварӣ манъ буд. Онҳоро аз мавҷи об ба берун, ба соҳил оварданд. Дар аввалин фурсат барояшон ёрии тиббӣ расонда шуд. Баъди он ки духтурон наврасонро муоина карданд, онҳо ба хонаҳои худ равон гаштанд.

Гуфта мешавад, ба хотири пешгирӣ аз чунин рӯйдодҳои нохуш наҷотдиҳандагони КҲФ маҷмуи чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарӣ дар обҳо мегузаронанд ва ин як вазифаи хеле муҳими наҷотдиҳандагон дар мавсими тобистон мебошад.

Зикр мегардад, ки ҳамарӯза мутахассисони Кумита дар гӯшаву канори кишвар, дар минтақаҳои наздисоҳилӣ, лагерҳои истироҳатӣ, ҳавзҳои шиноварӣ навбатдорӣ мекунанд ва ҳамзамон бо роҳандозии мулоқотҳо ба истироҳаткунандагон дар бораи хатари шиноварӣ дар ҷойҳои мамнуъ ва расонидани ёриҳои аввалияи тиббӣ суҳбатҳо баргузор мекунанд.

Кумита бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар манотиқи наздисоҳилӣ ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ намоянд. Онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред!

Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, соли гузашта дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани меъёрҳои рафтор ҳангоми оббозӣ дар об 140 нафар ( соли 2017 – 170 нафар) ғарқ шуданд. Аз ин шумор 27 нафарашонро шахсони синни то 10-сола, 23 нафарро – то 17-сола, 48 нафарро – то 35-сола ва 37 нафарро шахсони синни аз 35-сола боло ташкил доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.