Як ҷӯгизан аз Тоҷикистонро аз ҳисоби ҳамдиёрон аз Русия хориҷ карданд

Asia-Plus

Як ҷӯгизан аз Тоҷикистонро, ки барои талбандагӣ дар оромгоҳи шаҳри Екатеринбург боздошт шуд, аз ҳисоби маблағҳои ҷамъовардаи диаспораи тоҷикон бо панҷ нафар кӯдаконаш ба Тоҷикистон хориҷ карданд, хабар медиҳад Фергана.

Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Екатеринбург дар оромгоҳи микрорайони Химмаш занеро боздошт намуданд, ки ҳамроҳи панҷ нафар кӯдаконаш, ки духтарчаи хурдиаш акнун 6-рӯза шуда буд, талбандагӣ мекард.

Зан ҳуҷҷат надошт, аз ин рӯ ӯро дар Маркази қабулгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ҷой доданд, қайд мекунад нашрияи Eanews.

Мувофиқи қонунҳои Русия, муҳоҷирони ҳузурашон ғайриқонунӣ аз ҳисоби буҷети Русия ба кишварҳояшон хориҷ карда мешаванд. Ин корро Хадамоти федералии судиҷрочиён ба анҷом мерасонад. Лекин бо гузашти як моҳ аз боздошт низ зан дар қабулгоҳ нигаҳдорӣ мешуд.

Тибқи маълумоти Eanews, ба таъхир афтодани ихроҷ ба баста шудани суратҳисобҳо баъди ҳабси муовини сардори Раёсати Хадамоти федералии судиҷрочиён дар вилояти Свердловск вобаста будааст.

Замони дар қабулгоҳ қарор доштани зан намояндагони диаспора, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҳайати кормандони ваколатдор оид ба ҳууқуқи инсон Татяна Мерзлякова ба аёдати ӯ меомаданд. Ба ин оила бо сарулибос ва ғизо барои кӯдак кумак мекарданд. Бо талошҳои муштараки диаспораи тоҷикон ва ташкилоти ҳомии ҳуқуқи «Межнациональный информационный центр» (Марказибайнулмилалии иттилоотӣ) ба харидани билет ба Тоҷикистон баои ин зан маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ифтитоҳи мактабу корхона ва ширкат дар ҷашни Наврӯз дар Мастчоҳ. Рӯзи дуввуми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи дуюми сафараш ба вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ чанд мактабу кӯдакистон, бемористон ва корхонаҳои истеҳсолиро ифтитоҳ карда,  дар...

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...