Манъи пардохти пули нақд боз дар панҷ хатсайри мусофирбари пойтахт

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аз 24 июн пардохти ҳаққи роҳкиро дар хатсайрҳои автобусии №4 (Терминали мусофирбарии «Шарқ-Транс» -ҶДММ«Маром), №13 (маҳаллаи Бунёдкорон-кӯчаи Гагарин), №28 (маҳаллаи Зарафшон-Маркази ташхиси техникӣ), №29 (Беморхонаи Қарияи боло-маҳаллаи Пахтакор), №37 (маҳаллаи Бунёдкорон-маҳаллаи Қарогегин) пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ  ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад. Гуфта мешавад, […]

Аз 24 июн пардохти ҳаққи роҳкиро дар хатсайрҳои автобусии №4 (Терминали мусофирбарии «Шарқ-Транс» -ҶДММ«Маром), №13 (маҳаллаи Бунёдкорон-кӯчаи Гагарин), №28 (маҳаллаи Зарафшон-Маркази ташхиси техникӣ), №29 (Беморхонаи Қарияи боло-маҳаллаи Пахтакор), №37 (маҳаллаи Бунёдкорон-маҳаллаи Қарогегин) пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ  ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, шаҳрвандон метавонанд кортҳои электронии роҳкироро аз терминалҳо ва нуқтаҳои фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо дастрас намоянд.

Қобили зикр аст, ки қаблан пардохти ҳаққи роҳкиро танҳо бо корти нақлиётӣ дар пойтахт дар автобусҳои хатсайри №3, №6, №8, №11 №43, №7 ва №22, ҳамчунин троллейбусҳои №1 ва №10 ҷорӣ шуда буд.

Лоиҳаи «Низоми пардохти электронӣ ва назорати равуо дар нақлиёти мусофирбари истифодаи ҷамъиятии шаҳри Душанбе» (Cityсard) аз ҷониби ширкати Avesto Group ва мақомоти шаҳрдории пойтахт бар асоси механизми шарикии давлатӣ-хусусӣ амалӣ мешавад. Татбиқи лоиҳа 1 марти соли 2018 оғоз гардид. Аз 1 апрели соли 2018 сокинон ва меҳмонони пойтахт кортҳои нақлиётиро харидорӣ ва пурра истифода мекунанд.

Мутахассисони лоиҳа қайд мекунанд, ки дар марҳилаи мазкур ҳадафи асосӣ пурра ҷорӣ кардани низоми автоматишудаи пардохт ва назорат дар автобусу троллейбусҳо мебошад.

«Дар бораи ҷорӣ шудани ин низом дар дигар навъҳои нақлиёти мусофирбар, аз ҷумла микроавтобусҳо (маршруткаҳо) танҳо баъди анҷоми муваффақонаи ин марҳила метавон ҳарф зад», – шарҳ доданд онҳо.

Айни замон мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 19 феврали соли 2018, ба мусофироне, ки корти нақлиётиро барои 50 ва зиёда аз он равуо кардан харидаанд, барои равуо дар автобусу троллейбусҳо 15% тахфиф дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...