Саҳҳомон фаъолияти солонаи нерӯгоҳи Роғунро баррасӣ мекунанд

Имрӯз дар Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» фаъолияти ҷамъият тӯли як сол баррасӣ мешавад. Тавре дар сомонаи ҶСК «НБО Роғун» хабар дода мешавад, дар ҷараёни маҷлис нуҳ масъала мавриди баррасии саҳҳмон қарор мегирад. Аз ҷумла, атрофи масъалаи имкони афзоиши ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият ва ҳамчунин ворид намудани тағйироту иловаҳо ба оинномаи он табодули […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Имрӯз дар Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» фаъолияти ҷамъият тӯли як сол баррасӣ мешавад.

Тавре дар сомонаи ҶСК «НБО Роғун» хабар дода мешавад, дар ҷараёни маҷлис нуҳ масъала мавриди баррасии саҳҳмон қарор мегирад.

Аз ҷумла, атрофи масъалаи имкони афзоиши ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият ва ҳамчунин ворид намудани тағйироту иловаҳо ба оинномаи он табодули назар сурат мегирад.

Ҳамчунин ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявӣ, хулосаи аудитори ҶСК «НБО Роғун» барои соли 2018 ва ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии ҶСК «НБО Роғун» дар соли 2018 низ шунида мешаванд.

Дар маҷлис ҳайати нави Шӯрои нозирон, Комиссияи тафтишотӣ ва Комиссияи ҳисоби Ҷамъият интихоб карда мешаванд.

Дар фарҷоми маҷлис саҳҳомони Ҷамъият қарори баргузории санҷиш (аудит)-и Ҷамъият дар соли 2018 ва ҳаҷми маблағи пардохти хизматгузориҳои аудиторро тасдиқ мекунанд.

Ҷамъияти саҳҳмоии кушодаи “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” соли 2008 бо мақсади идома ва ба анҷом расонидани сохтмони нерӯгоҳи мазкур таъсис дода шуд.

Моҳи январи соли 2010 дар Тоҷикистон маъракаи фурӯши саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НБО «Роғун» оғоз гардид. Шумори дорандагони саҳмияҳои номӣ бо арзиши 5000 сомонӣ ба 22 ҳазор нафар ва дорандагони саҳмияҳои оддӣ ҳудуди 2 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли равон доир гардид. Чанде қабл ширкати украинии «Днепр-Спецгидроэнергомонтаж» хабар дод, ки гидроагрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун аз 31 майи соли равон ба кор дароварда шуда, дар он озмоишҳо ҷараён доранд.

Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст.

Сарбанди 335 метр гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин чунин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсол мекунад, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёдтар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.