Тазоҳурот дар Гурҷистон. Эътироз зидди иштироки вакили рус дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Пулиси Гурҷистон дар пароканда кардани тазоҳуроти назди бинои порлумони ин кишвар дар Тифлис аз чӯбдасти резинӣ ва гази ашковар истифода кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустии Гурҷистон, дар ҷараёни тазоҳурот 14 эътирозгар ва 38 корманди пулис осеб дидаанд. Гуфта мешавад, бегоҳии рӯзи панҷшанбе наздики даҳ ҳазор одам […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Пулиси Гурҷистон дар пароканда кардани тазоҳуроти назди бинои порлумони ин кишвар дар Тифлис аз чӯбдасти резинӣ ва гази ашковар истифода кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустии Гурҷистон, дар ҷараёни тазоҳурот 14 эътирозгар ва 38 корманди пулис осеб дидаанд.

Гуфта мешавад, бегоҳии рӯзи панҷшанбе наздики даҳ ҳазор одам дар назди бинои порлумони Гурҷистон ҷамъ шуданд. Ба эътирози сокинон иштироки вакили порлумони Русия Сергей Гаврилов дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипорлумонии ду кишвар сабаб шуд.

Сергей Гаврилов пеш аз сафари худ ба Гурҷистон гуфт, аз эътирофи Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ ҳамчун қаламрави Русия ҷонибдорӣ мекунад.

Эътирозгарон талаб доранд, ки раиси порлумон ва вазири умури дохилии Гурҷистон истеъфо диҳанд. Раиси порлумон Ираклий Кобахидзе аллакай гуфт, ки аз мақомаш истеъфо доданӣ нест.

Тазоҳургарони Тифлис ба бинои порлумони Гурҷистон ворид шуданд. Сарвазир Мамука Бахтадзе, вазири умури дохилӣ Георгий Гахария ва раиси Хадамоти муҳофизати давлатии Гурҷистон Анзор Чубинидзе ба бинои порлумон ҳозир шуданд.

Президенти пешини Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ аз кормандони пулис даъват кард, ки ба сафи эътирозгарон бипайванданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.