Нигарониии Эмомалӣ Раҳмон аз оташзании духтараки 6-сола дар Душанбе

Asia-Plus

Охири ҳафтаи гузашта ҳодисае дар Душанбе миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде барангехт: се ноболиғ духтари 6-соларо оташ заданд.

Ҳамла ба духтарча субҳи рӯзи 19 июн сурат гирифтааст: Осияи Шерзод бо дугонаҳояш назди ҳавлӣ бозӣ мекардааст, ки ин замон се писарони ноболиғ – хонандагони мактаб аз ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ назди онҳо омада, духтарчаро ба симтӯр мебанданд ва оташ мезананд.

Падари духтарча ба нашрияи “Фараж” гуфтааст ин ҷиноятро бачаҳои деҳаи дигар содир кардаанд, ки бекоранд ва рӯзи дароз деҳа ба деҳа мегарданд.

Аз Маркази тиббии рақами 3-и шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки Осия Зулфоноваи шашсола рӯзи 19-уми июн, тахминан соати 12-и рӯз, бо ҷароҳатҳои аз оташ сӯхтаи бадан қабул карда шудааст.

Мудири шуъбаи бемориҳои сӯхтаи Маркази мазкур Тоҳир Зубайдов изҳор намудааст, ки бемор дар ҳолати умумии ниҳоят вазнин, бо сӯхтани 65 фоизи бадан дар шуъбаи эҳё ва наҷоти бемористон бистарӣ аст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумонбарии ин ҳодиса се нафар ноболиғон дастгир карда шудаанд.

Гуфта мешавад, оид ба ҳодисаи рӯйдода маводҳои санҷишӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристода шуда, санҷиши ҳолати рӯй додани ин ҳодиса идома дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин ҳодиса изҳори нигаронӣ намуда, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷаро барои табобат ва нигоҳубин кардани ноболиғи мазкур вазифадор намудааст, ки табобати кӯдакро зери назорати қатъӣ гирад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.