Гулнора Каримова аз президенти Ӯзбекистон авф дархост кард

Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки дар зиндон адои ҷазо мекунад, аз президенти кунунии Ӯзбекистон дархости авф кард. Вай аз вазъи бади сиҳатиаш шикоят карда, ваъда додааст, ки даъвои $686 миллионеро нахоҳад кард, ки дар хориҷ нигаҳ медорад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, муроҷиати Каримоваро духтараш Имон Каримова дар шабакаҳои […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки дар зиндон адои ҷазо мекунад, аз президенти кунунии Ӯзбекистон дархости авф кард. Вай аз вазъи бади сиҳатиаш шикоят карда, ваъда додааст, ки даъвои $686 миллионеро нахоҳад кард, ки дар хориҷ нигаҳ медорад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, муроҷиати Каримоваро духтараш Имон Каримова дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст.

Каримова ҳамзамон хабар додааст, ки дороии ӯро мусодира кардаанд. "Ман мехоҳам эълом кунам, то кунун дороии шахсии ман, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон буд, аз ман гирифта шуда ва барои буҷаи кишвар даромад меоранд", – навиштааст вай.

Вай навиштааст, ки дар бонкҳои хориҷӣ маблағи дигар дорад, аммо даъвои соҳиб шудани онро нахоҳад кард.

"Дар ҳоли ҳозир маро вазъи сиҳатиам нигарон кардааст. Ман бояд ду ҷарроҳӣ гирам, ба ҳамин хотир ба президент муроҷиат мекунам", – шарҳ додааст вай.

Гуфта мешавад, пештар аз ин вакили мудофеи швейтсарии Гулнора Каримова Грегуар Манжа хабар дода буд, ки вазъи сиҳатии нафари таҳти ҳимояи вай бад аст ва ба кумаки тиббӣ ниёз дорад.

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Қобили зикр аст, ки Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.