Нигарониии Эмомалӣ Раҳмон аз оташзании духтараки 6-сола дар Душанбе

Охири ҳафтаи гузашта ҳодисае дар Душанбе миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде барангехт: се ноболиғ духтари 6-соларо оташ заданд. Ҳамла ба духтарча субҳи рӯзи 19 июн сурат гирифтааст: Осияи Шерзод бо дугонаҳояш назди ҳавлӣ бозӣ мекардааст, ки ин замон се писарони ноболиғ – хонандагони мактаб аз ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ назди онҳо омада, духтарчаро ба симтӯр […]

Asia-Plus

Охири ҳафтаи гузашта ҳодисае дар Душанбе миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде барангехт: се ноболиғ духтари 6-соларо оташ заданд.

Ҳамла ба духтарча субҳи рӯзи 19 июн сурат гирифтааст: Осияи Шерзод бо дугонаҳояш назди ҳавлӣ бозӣ мекардааст, ки ин замон се писарони ноболиғ – хонандагони мактаб аз ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ назди онҳо омада, духтарчаро ба симтӯр мебанданд ва оташ мезананд.

Падари духтарча ба нашрияи “Фараж” гуфтааст ин ҷиноятро бачаҳои деҳаи дигар содир кардаанд, ки бекоранд ва рӯзи дароз деҳа ба деҳа мегарданд.

Аз Маркази тиббии рақами 3-и шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки Осия Зулфоноваи шашсола рӯзи 19-уми июн, тахминан соати 12-и рӯз, бо ҷароҳатҳои аз оташ сӯхтаи бадан қабул карда шудааст.

Мудири шуъбаи бемориҳои сӯхтаи Маркази мазкур Тоҳир Зубайдов изҳор намудааст, ки бемор дар ҳолати умумии ниҳоят вазнин, бо сӯхтани 65 фоизи бадан дар шуъбаи эҳё ва наҷоти бемористон бистарӣ аст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумонбарии ин ҳодиса се нафар ноболиғон дастгир карда шудаанд.

Гуфта мешавад, оид ба ҳодисаи рӯйдода маводҳои санҷишӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристода шуда, санҷиши ҳолати рӯй додани ин ҳодиса идома дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин ҳодиса изҳори нигаронӣ намуда, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷаро барои табобат ва нигоҳубин кардани ноболиғи мазкур вазифадор намудааст, ки табобати кӯдакро зери назорати қатъӣ гирад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.