Баррасии стратегияи 3-сола ва нақшаи амали Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар Душанбе

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе рӯзи 21-уми июн таҳти унвони  «10 соли худтанзимкунии ВАО дар Тоҷикистон. Имкониятҳо ва рафъи таҳдидҳои он барои фаъолияти оянда», дар Душанбе ҷаласаи мизи мудаввар баргузор намуд. Дар ин чорабинӣ 70 иштирокчи, аз ҷумла намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, сармуҳаррирону рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии дар соҳаи рушди ВАО фаъол, иштирок карданд. […]

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе рӯзи 21-уми июн таҳти унвони  «10 соли худтанзимкунии ВАО дар Тоҷикистон. Имкониятҳо ва рафъи таҳдидҳои он барои фаъолияти оянда», дар Душанбе ҷаласаи мизи мудаввар баргузор намуд.

Дар ин чорабинӣ 70 иштирокчи, аз ҷумла намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, сармуҳаррирону рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии дар соҳаи рушди ВАО фаъол, иштирок карданд.

Дар кори мизи мудаввар иштирокчиён стратегияи сесола ва нақшаи амали Шӯрои ВАО-и Тоҷикистонро, ки бо дастгирии САҲА таҳия шудааст, муҳокима намуданд. Коршиносони САҲА таҷрибаҳои омӯхташуда ва намунаҳои кори беҳтаринро оиди бартариҳо ва хусусиятҳои худтанзимкунии ВАО гуфта гузашта, ба ҳозирин дар бораи фаъолияти шӯроҳои ВАО дар минтақаи САҲА иттилоъ доданд.

Роҳбари  Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер ба Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди ВАО дар кишвар арзи сипос намуда, қайд кард:

«Дафтари мо омода аст Ҳукумати Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми Тоҷикро минбаъда низ барои беҳтар намудани озодии сухан, гуногунандешии ВАО ва дастрасӣ ба иттилоот дар кишвар дастгирӣ намояд”.

Иштирокчиёни мизи мудаввар саҳми САҲА-ро дар ривоҷ додани озодӣ ва гуногунандешии ВАО дар Тоҷикистон пазируфтанд.

“Мақсади асосии Шўрои ВАО ривоҷи озодии сухан ва баланд бардоштани сифати хабарнигорӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки он мувофиқи ҳамаи стандартҳои байналмилалӣ бояд гузаронида шавад. ВАО бояд ба як платформаи муҳокимаи масъалаҳои мубрами ҷомеа табдил ёбанд», – гуфт Шаҳло Акобирова, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.