Муаррифии лоиҳаи “Ашқобод-сити” ба президенти Туркманистон

Ба президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов лоиҳаи сохтмони нав, ҳамчунин тарҳи бузургҳаҷмеро, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат ва меъморӣ, донишҷӯёни Донишкадаи меъмориву сохтмон ва Академияи санъат таҳия шудааст, муаррифӣ намуданд, хабар медиҳад Хроники Туркменистана. Бино ба маълумоти нашрия, шаҳр дар дохили шаҳре, ки аллакай ғайрирасмӣ “Ашқобод-сити” ном бурда мешавад, майдони 744 гектарро ишғол мекунад. Дар он […]

Asia-Plus

Ба президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов лоиҳаи сохтмони нав, ҳамчунин тарҳи бузургҳаҷмеро, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат ва меъморӣ, донишҷӯёни Донишкадаи меъмориву сохтмон ва Академияи санъат таҳия шудааст, муаррифӣ намуданд, хабар медиҳад Хроники Туркменистана.

Бино ба маълумоти нашрия, шаҳр дар дохили шаҳре, ки аллакай ғайрирасмӣ “Ашқобод-сити” ном бурда мешавад, майдони 744 гектарро ишғол мекунад. Дар он беш аз 200 бино сохта мешавад, ки 180-тоашро биноҳои истиқоматии аз 12 то 35-ошёна ташкил медиҳад. Дар ин минтақа сохтмони 4 мактаби таҳсилоти умумӣ ва 4 кӯдакистон ба нақша гирифта шуда, он барои зисти зиёда аз 107 ҳазор нафар аҳолӣ пешбинӣ шудааст.

“Бо сохтмони шаҳри нав табдили қисмати шимолии пойтахт ба маркази нави иқтисодӣ бо имконоти таъмин бо ҷойи корӣ ва роҳандозии тиҷорат барои аҳолӣ ва сармоягузорон, муҳайё сохтани муҳити мусоид барои рушди соҳибкорӣ ва инноватсияҳо ва бо назардошти афзоиши имконпазирии шумори аҳолии Ашқобод, асос донистани тавсеъаи қаламрави шаҳр дар назар дошта шудааст”, – овардааст гуфтаҳои президентро ТДХ.

Президенти Туркманистон дастур додааст, ки дар сохтмони ин иншоот шиори “Давлат барои инсон!” сармашқи кор қарор дода шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.