Сармураббии дастаи футболи КМВА “Помир” истеъфо дод

Сармураббии дастаи футболи КМВА “Помир”-и Душанбе Рустам Хоҷаев дарҳол пас аз шикаст дар бозӣ бо тими “Истаравшан”-и Истаравшан (0:1) аз вазифааш истеъфо дод. Баъди бохт дар бозӣ бо “Истаравшан” тими КМВА “Помир” ба зинаи охири ҷадвали мусобиқа фаромада, акнун дар зинаи поин рафтан ба мусобиқаи Лигаи якуми футболи мамлакат қарор дорад, хабар медиҳад Федератсияи футболи […]

Сармураббии дастаи футболи КМВА “Помир”-и Душанбе Рустам Хоҷаев дарҳол пас аз шикаст дар бозӣ бо тими “Истаравшан”-и Истаравшан (0:1) аз вазифааш истеъфо дод.

Баъди бохт дар бозӣ бо “Истаравшан” тими КМВА “Помир” ба зинаи охири ҷадвали мусобиқа фаромада, акнун дар зинаи поин рафтан ба мусобиқаи Лигаи якуми футболи мамлакат қарор дорад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки имсол бо дастаи нави футболи Лигаи олӣ – “Истаравшан” аллакай ивази се сармураббӣ марбут аст. Дар даври дуюм пас аз бохт дар бозӣ бо ин даста сармураббии “Хуҷанд” Нуъмонҷон Юсуфов аз вазифааш барканор шуд. Сипас охири даври аввал худи сармурабии “Истаравшае” Тоҳирҷон Муъминов бо хоҳиши худаш ба истеъфо рафт.

Ва акнун рӯзи 23 июн дар бозии даври 10-уми мусобиқа бо тими “Истаравшан” сармураббии КМВА “Помир” Рустам Хоҷаев низ истеъфо дод.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.