Tcell – шарики расмии Намоишгоҳи байналмилалии “Суғд-2019”!

Иттилоияи расмӣ

Дар маркази маъмурии шимоли Тоҷикистон Намоишгоҳи шашуми байналмилалии тиҷории “Суғд-2019” баргузор гардид.

Ба ғайр аз корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ дар ин ярмарка муассисаҳои тавлидотии кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, ИМА ва дигар мамолик молу колову дастовардҳои тиҷоратиашонро  ба намоиш гузоштанд. Тайи рӯзҳои баргузории форуми “Суғд-2019” ҳудуди 45 созишномаву тавофуқоти ҳамкорӣ, аз ҷумла миёни Тоҷикистону Чин, ҶТ ва Ӯзбекистон ва ҳамкорон аз Беларусу Русия ва Туркманистону Афғонистон ба тасвиб расид.

Бояд тазаккур дод, ки намоишгоҳи мазкур рӯйдоди бузург дар ҳаёти соҳибкории Тоҷикистон маҳсуб ёфта, майдони муаррифии дастовардҳои корхонаву муассисаҳост. Зимни ин намоишгоҳ ҳамасола даҳҳо шабакаи ҳамкорону шарикон тавсеа ёфта, шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд. 

Тибқи анъана, ширкати Tcell ҳамчун шарики аслии намоишгоҳ дар ҳама чорабиниҳои форумиштирок намуда, имконот ва зарфиятҳои ширкатро барои ироаи алоқаи боэътимоду пешниҳоди хизматрасониҳо муаррифӣ кард. Дар нуқтаи вижа (павилон) иштирокчиён ва меҳмонони намоишгоҳ имконият доштанд, ки ба сурати зуду фаврӣ SIM-корт бигиранд, тавозуни мобилиашонро пур кунанд ва аз WiFi-и баландсуръати ширкати мобилии Тсеll истифода намоянд. Ҳамаи меҳмонони намоишгоҳ барои анҷоми умури тиҷорат ва гуфтушунидҳои соҳибкорӣ бо алоқаи босифати Tcell таъмин гардида буданд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии намоишгоҳ, ширкати  Tcell миёни иштирокчиён ва муштариёни корпоративӣ бозии бурднокро бо туҳфаҳои арзишманд доир кард.   Намояндагони Tcell бошанд, дар ин бахш ба ғолибони иқдомҳои “Пардохти муваффақ” ва “Ҷомадони бунафш” аз вилояти Суғд бурдҳояшонро тақдим намуданд. 

Ҳамчунин, барои иштиркчиён ва меҳмонони намоишгоҳ муаррифии сабки нави молӣ (бренд) ва фаъолияти ояндаи ширкати Тсеll муаррифӣ гардида, тарзи истифодаи ҳамёни мобилии ТезСум, ки тарҳи муштараки ширкат ва Аввалин бонки молиявии хурд мебошад, намоиш дода шуд. Зимнан, меҳмонону иштирокчиёни форуми тиҷорӣ имконияти бо таҷҳизотҳои муосири технологии шарики Tcell –  «Rabex» ошно гаштанро доштанд. 

Ширкати мухобиротии Tcell, ки яке аз бахшҳои Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ   (AKFED) мебошад, фаъолияташ ростхатта ба бунёди корхонаҳои устувори иқтисодӣ ва қадршиносии соҳибкорон нигаронида шудааст. Дар ҳошияи умури иҷтимоии худ, Tcell ба гунаи фаъол аз соҳибкорон ва соҳибкорӣ дар кишвар пуштибонӣ карда, саҳми худро дар рушди иқтисод мегузорад. 

____________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.