Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ “ғайриҳизбӣ” мешавад

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз лоиҳаи қонун «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ намуданд. Дар лоиҳаи қонун узвияти аъзои аҳзоби сиёсӣ дар ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) манъ мешавад. Имрӯз қариб тамоми ҳизбҳои сиёсии кишвар дар ҳайати Комиссия намояндагони худро доранд. Ғайр аз ин, мувофиқи меъёрҳои лоиҳаи қонуни […]

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз лоиҳаи қонун «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ намуданд.

Дар лоиҳаи қонун узвияти аъзои аҳзоби сиёсӣ дар ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) манъ мешавад. Имрӯз қариб тамоми ҳизбҳои сиёсии кишвар дар ҳайати Комиссия намояндагони худро доранд.

Ғайр аз ин, мувофиқи меъёрҳои лоиҳаи қонуни мазкур, аъзои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҳамчунин наметавонанд ба ҳайати комиссияи интихоботии ҳавзаҳо шомил шаванд, лекин агар дохил шаванд, пас уҳдадор мешаванд, ки узвияти худро дар сафҳои аҳзоби сиёсӣ боздоранд.

Ба ақидаи вакили парлумон Ҷаббор Аҳмедов, лоиҳаи қонун ҳуқуқҳои ҳизбҳои сиёсиро дар интихоботи ҳама гуна сатҳҳо баробар мекунад.

Қобили зикр аст, ки баҳори соли 2020 дар Тоҷикистон маъракаи интихоботи парлумонӣ ва тирамоҳи соли оянда – интихоботи президентӣ доир мегарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.