Ифтитоҳи театри нав дар Маскав бо намоиши асари драманависи тоҷик

Asia-Plus

Дар шаҳри Москва дар Маркази минтақавии дастгирии ташаббусҳои ҷамъиятӣ ва стратегии Россия ва Қирғизистон Театри драмавии «Аён» бо тантана ифтитоҳ ёфт ва аввалин намоише, ки он ба тамошобинони худ пешкаш кард, асари драмнависи тоҷик Ҷумъа Қуддус «Шоҳ-бозӣ» – «Нубуввати охирин» буд.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, намоиш мавзуъи умумиинсониро дар бар гирифта, инсонҳоро ба сулҳ, ваҳдату ягонагӣ даъват менамояд ва нишон медиҳад, ки сӯиистифода кардани шиорҳои зоҳиран нек инсониятро ба ҳалокат мерасонад.

Намоиш аз ҷониби коргардон, ҳунарпеша ва рассоми машҳури қирғиз Садир Сагинбаев таҳия гардида, дар он нақшҳоро ҷавонони соҳибистеъдоди қирғиз бозидаанд. Асосгузор ва директори театри нави «Аён», ки онро ғайрирасмӣ театри муҳоҷирон меноманд, шоира Айнаш Козубоева мебошад.

Садир Сагинбаев мегӯяд, ки соли 2006 Театри тамошобини ҷавони қирғиз барои ширкат дар фестивали байналмилалии санъати театрӣ дар шаҳри Иссиқкўл асари Ҷумъа Қуддус «Шоҳ-бозӣ»-ро таҳия карда, соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Инчунин, ба чанд ҷоизаи дигар, аз ҷумла, барои иҷрои нақшҳои беҳтарини зан ва мард сазовор гашт, ба худи Садир Сагинбаев ҷоиза барои ороиши рассомии беҳтарин супорида шуд. Инак ӯ ният карда буд, ки дар Москва асари мазкурро бо диди нав таҳия созад. «Аён» – театри дўстии халқҳост, ки дар Москва чун минбари халқхо хеле зарурат дорад.

Ҷумъа Қуддус муаллифи беш аз сад драма, се романи таърихӣ, шаш повест ва даҳҳо ҳикоя буда, пйесаҳои ў дар аксари театрҳои Тоҷикистон, инчунин, дар Қирғизистон ва Қазоқистон таҳия шудаанд. Ин таҳияи панҷуми асари Ҷумъа Қуддус «Нубуввати охирин» аст: бори аввал вай бо номи «Нубуввати охирин» дар Театри акаемӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ, сипас дар нахустин ҷашнвора-озмуни «Андалеб» аз ҷониби театри мардумии Бохтар иҷро ва сазовори Шоҳҷоиза шуд, дар Сурия ба забони арабӣ тарҷума ва нашр гашт, соли 2006 дар таҳияи Театри тамошобини ҷавони Бишкек (бо номи «Шоҳ-бозӣ») соҳиби Шоҳҷоизаи ҷашнвораи байналмилалии театрӣ шуд, сипас дар театри драмавии шаҳри Ўши Қирғизистон таҳия гардид. Барои ин дастовард ба Ҷумъа Қуддус соли 2017 унвони ифтихории Академики санъати театрии Қирғизистон дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.