ИМА зидди Хоманаӣ ва ёваронаш таҳрим эълом мекунад

ИМА зидди раҳбари маънавии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ таҳрим эълом мекунад. Дар ин бора президенти Амрико Доналд Трамп хабар додааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Трамп гуфтааст, таҳримҳо дар посух ба амалҳои таҷовузкоронаи Эрон, аз ҷумла сарнагун сохтани ҳамопаймои бесарнишини амрикоӣ ҷорӣ карда мешаванд. Ҷониби ИМА мегӯяд, Эрон ҳавопаймои низомии бесарнишини онро дар осмони […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

ИМА зидди раҳбари маънавии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ таҳрим эълом мекунад. Дар ин бора президенти Амрико Доналд Трамп хабар додааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Трамп гуфтааст, таҳримҳо дар посух ба амалҳои таҷовузкоронаи Эрон, аз ҷумла сарнагун сохтани ҳамопаймои бесарнишини амрикоӣ ҷорӣ карда мешаванд. Ҷониби ИМА мегӯяд, Эрон ҳавопаймои низомии бесарнишини онро дар осмони обҳои байналмилалӣ сарнагун сохт.

Президенти ИМА изҳор намудааст, ки таҳримҳо ба ёварони Хоманаӣ низ дахл хоҳанд кард. Ин таҳримҳо бояд дастрасии раҳбари маънавии Эрон ва ёваронашро ба манбаъҳои муҳими молӣ маҳдуд кунад. Вазири молияи ИМА Стивен Мнучин гуфт, таҳримҳо ҳабси "миллиардҳо доллар" дороии Эронро пешбинӣ мекунад.

Ба иттилои Мнучин, Вашингтон ҳамчунин таҳримҳоеро зидди вазири умури хориҷии Эрон Ҷавод Зариф омода дорад.

Президенти ИМА изҳор дошт, ки кишвараш барои ҷанг бо Эрон талош надорад, вале иҷозат ҳам нахоҳад дод, ки он соҳиби силоҳи ҳастаӣ шавад. Ҳамчунин талош мекунад, то Теҳрон сармоягузории гуруҳҳои террористиро қатъ кунад.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео имрӯз аз Арабистони Саудӣ ва АМА боздид хоҳад кард. Ташаннуҷи авзоъ атрофи Эрон мавзуи меҳварии гуфтугӯҳо хоҳад буд. ИМА, Арабистони Саудӣ, Бритониё ва АМА бо нашри як изҳороти муштарак Эронро ба худдорӣ аз иқдомҳое даъват карданд, ки суботи байналмилалиро ба ҳам мезанад. ИМА ва ҳампаймононаш Эронро ба сармоягузории гуруҳи ҳусиҳо дар Яман ва ташкили таркиши ду киштӣ дар халиҷи Умон айбдор мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.