Содироти семент аз Тоҷикистон дар 4 сол қариб 3 баробар афзуд

Ҳаҷми моҳонаи содироти семент аз Тоҷикистон тӯли 4 сол қариб 3 баробар афзуд. Давоми 5 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ҳудуди 620 ҳазор тонна ин навъи масолеҳи сохтмон содирот шудааст, яъне ба ҳисоби миёна 124 ҳазор тонна дар як моҳ. Соли 2015 ҳаҷми содироти семент аз Тоҷикистон дар як моҳ ба ҳисоби […]

Ҳаҷми моҳонаи содироти семент аз Тоҷикистон тӯли 4 сол қариб 3 баробар афзуд. Давоми 5 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ҳудуди 620 ҳазор тонна ин навъи масолеҳи сохтмон содирот шудааст, яъне ба ҳисоби миёна 124 ҳазор тонна дар як моҳ.

Соли 2015 ҳаҷми содироти семент аз Тоҷикистон дар як моҳ ба ҳисоби миёна ҳамагӣ наздики 42 ҳазор тоннаро ташкил медод.

Тайи моҳҳои январ-майи соли равон сементи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон (346 ҳазор тонна), Афғонистон (247 ҳазор тонна) ва Қирғизистон (27 ҳазор тонна) фиристода шуд, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли семент дар панҷ моҳи соли ҷорӣ беш аз 100 ҳазор тонна зиёд шуд.

Ба суръати баланди афзоиши истеҳсоли семент дар Тоҷикистон сармяогузорӣ аз ҷониби Чин мусоидат менамояд.

Ҳамин тариқ, дар ҳаҷми умумии сементи истеҳсолшуда дар соли равон беш аз 86%-аш ба се корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Чунгтсай Моҳир семент» (32%), «Хуаксин Ғаюр семент» (28%), «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» (25,9%) рост меояд.

Ҳиссаи корхонаи “Сементи тоҷик”-и Душанбе дар ҳаҷми умумии истеҳсоли семент дар Тоҷикистон айни замон ҳамагӣ 5,1%-ро ташкил медиҳад. Ба истеҳсоли семент дар Тоҷикистон ба сурати умум 18 корхона машғуланд.

Ояндаи наздик афзоиши чунин иқтидорҳо дар назар аст. Аз ҷумла, ширкати “Моҳир семент” бо кумаки сармоягузорӣ аз Чин дар ҷануби ҷумҳурӣ корхонаи нави сементбарории иқтидораш 600 ҳазор тонна месозад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.